Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтори мӯйсафедаш вақтҳои охир қалби бе ин ҳам ҳазини ӯро реш-реш мекард.
Хубон акнун нав ба чил қадам ниҳода. Аслан зиндагӣ дасти шахшули хешро на як бору ду бор ба сараш зад. Ҳарчанд одами поктинату худотарс аст, вале ҳеҷ не ки бахт бинад. Дар умри кӯтоҳаш Ғанӣ шавҳари чоруми ӯст. Се шавҳари аввала ӯро ба безурриётӣ муттаҳам намуда, хатти талоқашро доданд. Чӣ ҳам мегуфт Хубон, модоме ки сурудани суруди алла дар сари гаҳвораи сабзи малакутӣ ӯро дар насибаш набудаст ва чун чӯби тар дарун ба дарун месӯхт. Вақте ки ҳамсари Сабазаев аз олам даргузашт, писараш Фаттоҳ, ки аслан ҳамсинфи Хубон буд, чанд маротиба ба дари хонаи Хубон ангушт зада, баҳри падар ӯро номзад кард.
Хубон ҳам дар ин синну сол нияти дигар ба шавҳар баромадан надошт, вале аз гапу калочаи мардум тарсида, ба падари ҳамсинфаш ба шавҳар баромад. Ғанӣ аслан дилдодаи май буд ва инро Хубон ҳам медонист, вале ба ақидаи кампири Зевар, ки ҳафт маротиба ба шавҳар баромада буду соле пеш шавҳари ҳафтумашро ҳам ба “нафақа” гуселонида, азоби бевагӣ ба сар дошт, “аз беваи подшоҳ будан зани хурӯс будан беҳтар аст”-ро ба ёд оварда, се сол пеш сухани ҳамсинфаш Фаттоҳро ба замин намонда, тақдирашро бо падари Фаттоҳ, ки ҳамон вақт шасту чорсола буд пайваст.
“Кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад” гуфтагӣ барин ба Хубон ҳеҷ муяссар нашуд, ки мӯйсафедро аз майхорагӣ берун орад. Ба замми ҳама бадбахтиҳои хеш, Хубон акнун ба ҳаёти ин “Хурӯси” майзда низ ҷавобгар буд...
Шояд агар дигар зан мешуд, кайҳо худаш аз Ғанибой гурехта мерафт, вале Хубон...
Не, ӯ ҳеҷ имкоиияти мӯйсафедро партофта рафтан надошт.
Охир мардум чӣ мегӯянд... Борҳо аз болои мӯйсафед ба писараш Фаттоҳ, ки дар гӯшаи дигари шаҳр зиндагӣ дошт, шикоят кард, вале Фаттоҳ чӣ ҳам метавонист бо падар кунад? Ӯ акнун Хубонро чун пештара бо номаш ҷеғ намезад, балки бо як эҳтироми хоса апа мегуфт:
–Апаҷон, ҳамаи умедам ба шумо, мегуфт. Хубон ҳам ба хотири Фаттоҳ як умр хизмати мӯйсафедро ба ҷо овард ва ана натиҷааш...

пешина
аз 429
навбатӣ