Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мӯйсафед наомад, ки наомад. Борон бошад, мебориду меборид ва қатраҳои ба шишаи тирза бархӯрдаи он чун ашки сари мижгон ба поён ҷар мешуд...
...7..
Зардов сари субҳ чанд маротиба ба прокуратура занг зада хост аз натиҷаи ташхиси хеш ба муфаттиш Салимов хабар диҳад, вале касе гӯшаки телефонро набардошт. Чун ӯ умедашро аз прокуратура канда хост ба хонааш равад, нохост фикре ба сараш заду дар аппарати телефон 02-ро чид. Аҷаб рақаме дар ҳама давру замон аз пешаш одам дур намеравад, ин ягона рақамест, ки дар ҳолати зарурӣ чун шуъла дар дили кас бедор мешавад...
-Навбатдори милиса гӯш мекунад, - шунид ӯ овози аз он тарафи сим омадаро.
Зардов матлаби хеш баён кард ва ӯро бо утоқи кории Абдумаҷидов пайвастанд. Зардов матлаби хешро аз натиҷаи ташхиси ҷасади Сабзаев ба самъи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ расонда гуфт, ки хулосаи расми ташхисро рӯзи душанбе тайёр мекунад.
-Пас куштор? - пурсид Абдумаҷидов.
-Куштор, куштор, Акбар Ҳакимович. Акнун миёнро маҳкам баста, аз пайи қотил шавед.
“Борон агар селобаҳои хеш то ҷӯйбор барад, ҷинояткор онро то милиса меорад,”-аз дил гузаронд Абдумаҷидов ва ба шуъбаи навбатдорӣ фаромад.
Дар берун коргарони хоҷагии коммуналӣ ба тоза кардани ҷӯйбор ва роҳҳо машғул буданд. Мошини идораи мазкур аз пешаш фаввораи обро пош дода роҳро мешуст. Офтоб аз паси абрҳои парокандашуда гоҳ-гоҳ берун шуда, ба дилҳо шодию фараҳ меовард. Дар давоми расо як ҳафта мардум муштоқи хуршеди оламтоб буданд ва дар ин субҳи якшанбеи охири моҳи март ба тамошои замин баромадани он басо фораму гуворо буд.
Абдумаҷидов ҳамроҳи Мирзоев ва Сафолов, ки имшаб ба ҷои ҳодиса рафта буданду ҳоло дар шуъбаи навбатдорӣ интизори омаданаш буданд, аз бинои милиса берун омада, ба тарафи чойхонаи пеши бозор қадам заданд. Мардум чун мурчагон дар равуо буданд ва ҳар ки пайи ризқи хеш овора. Гӯё касе ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки имшаб шахси номаълум қасди ҷони мӯйсафеди шастуҳафтсола намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор