Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То ҳанӯз касе ҳам ба суроғи мӯйсафед набаромада. Шояд дар ин дақиқаҳо Салимов ҳам дар хонааш пеши зану фарзандон сари дастурхон менишаст. Ҳама бори зиндагӣ ба души милиса афтода, мисли оне ки овардани бори хас ба души мард меафтад.
-Бисёр ба фикр фурӯ рафтед, рафиқ майор,-хомӯширо вайрон карда гуфт Мирзоев.
-Оиди ҳодисаи имшаба фикр дорам, намедонам, кадом худобехабар қасди ҷони мӯйсафед Сабзаев намудааст.
-Чӣ хел қасди ҷонаш намудааст?
-Чӣ хел? Чӣ хел? Ҳамин хел одӣ. Лаҳзае пеш Зардов занг зада хабар дод, ки қотилро ҷӯем.
-Чӣ алакай хулосаи ташхисро фиристод?
-Хулосаи расмиро фардо мефиристад, вале натиҷаашро гуфта дод.
-То фардо сабр накард? - пурсид Сафолов.
-Ҳаминаш беҳтар, то фардо кӣ медонад боз чӣ мешавад.
-Ба хешу ақрабояш хабар додед? - пурсид Мирзоев.
-Не, вале чун ба суроғаш биёянд, онҳоро аз ҳодисаи ба сари мӯйсафед омада хабар додан лозим мешавад.
-Баҳс чӣ лозим, биёед як пиёла чой гирем, пас ягон фикр мекунем,-гӯён Сафолов ба Абдумаҷидов роҳ дод, ки чун пири кор аввалин шуда пой ба остонаи чойхона гузорад.
...8...
Хубон баробари рӯз шудан ба хонаи Фаттоҳ рафт то бубинад, ки шавҳараш он ҷост ё на.
-Ҳа, апа, дар ин субҳ ё боз бо мӯйсафед ҷанҷол кардед?-ӯро дида пурсид Фаттоҳ.
-Мӯйсафед имшаб дар хона набуд.
-Пас ӯ ба куҷо рафтааст?
-Ман гумон кардам, ки ёди набераҳо карда ба ин ҷо омадааст.
-Эй, апа, гӯё намедонӣ, аз он вақте ки ӯ ба шароб дил дод, дигар кай парвои набера дорад?
-Пас ӯ ба куҷо рафта бошад?
-Надонам. Хайр биё, апа, гузашта, як пиёла чой гир, ман худам рафта ӯро меҷӯям.

пешина
аз 429
навбатӣ