Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Не, ман ҳам ҳамроҳат меравам ва падаратро ёфта ба дастат медиҳаму ҷони хеш аз ин шаҳр гирифта мегурезам. Ман дигар намехоҳам, ки мардумон дар ҳақам носазо гӯянд. Шояд мардум гумон намоянд, ки ӯ аз рӯи ман шуда ба май дил бохтааст.
-Мардум ҳеҷ гумон намекунанд, апа. Мӯйсафед кайҳо боз дилдодаи шароб аст ва ман борҳо ба ӯ суҳбат кардам, вале бе натиҷа. Ҳатто нозири минтақавӣ Зубайдуллоев чандин маротиба ӯро огоҳ кард, вале... Шумо, апа, каме сабру тоқатро пеша кунед, ҳамааш нағз мешавад.
-Дигар ягон тоқат нест, Фаттоҳ. Бигузор халқи дунё манро нафрат хонанд, вале ман ҳамроҳи ӯ дигар зиндагӣ намекунам.
Садқаи зан шавад. Акнун кор аз устухонам ҳам гузашт, касе ки механдад, хандидан гирад. Ӯро ба дастат месупораму ҷони хеш гирифта мегурезам.
-Телба нашавед, апа, ҳамааш нағз мешавад. Ҳамин дафъа ба хотири ман.
-Маро чандин бор аз роҳам гардондӣ, лек падаратро ба роҳ дароварда натавонистӣ. Биё маро ба ҳолам мон. Кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад, аммо падари худат, ба фикрам, дар ҳамон ҷо ҳам рост нахоҳад шуд.
-Рост мешавад, апа, ана мебинӣ, вале худат каме ҳам бошад мӯйсафедро ба даст гир.
Фаттоҳ мефаҳмид, ки ҳар он чӣ Хубон гуфт, аз қаҳру ғазаб гуфт ва ӯ ҳаргиз мӯйсафедро нахоҳад партофт. Чунин ҳолатҳо дусе маротибаи дигар ҳам рух дода буданд. Чӣ дили бузурге дорад Хубон. Афсӯс толеаш паст аст, вагарна занест афсонавӣ ё чӣ хеле дар афсонаҳо мегӯянд, ба боҷу хироҷи мамлакат меарзидагӣ.
Хубон тайи ин се сол борҳо борони таънаю маломатаро ба сари Фаттоҳ рехт, вале боре ҳам аз забони ҳамсинфаш сухани носазо нашунид ва маҳз ҳамин ҳурмату эҳтироми Фаттоҳ ӯро маҷбур месохт, ки бо падари майзадааш умр ба сар барад. Оҳ, Хубон чӣ қадар мехост, ки боре ҳам Фаттоҳ ӯро носазо гӯяд ва ӯ ҳамин чизро баҳона карда, мӯйсафедро тарк намояд, аммо Фаттоҳ ҳеҷ гоҳ аз ширингуфториаш намонд, ки намонд ва бо сухани хуш бе банд дасту пои Хубонро баста буд.
-Апаҷон!
-Боз чӣ буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор