Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ин дафъа дасти мӯйсафедро ба дастакат баста мемонам, то ки аз наздат қадаме дур наравад.
-Падари туро баста мешаваду...
-Мешавад, апаҷон! О ҳеҷ офарини очаи ман нагуфтӣ, бечора кампир сиву ҳафт сол бо мӯйсафед сар дар як болин монда, боре ҳам аз болои мӯйсафед ба куҷое шикоят набурд...
-Ман ба куҷо шикоят бурдам?
-Ба ягон ҷо, апаҷон, ба ягон ҷо. Илоҳо ҳамроҳи мӯйсафед қӯшапир шавед, апаҷон.
-Эй Фаттоҳ, Фаттоҳ.
-Чӣ буд, апаҷон.
-Ҳеҷ чиз беҳтараш ба атрофат нигар, боз ба ягон роҳгузар барнахӯрӣ.
Дар истгоҳ ҳарду ба автобус нишаста, баъди бист дақиқа ба милисаи шаҳрӣ омаданд. Навбатдори милисаи шаҳрӣ матлаби онҳоро шунида, ҳардуро ба ШКД ноҳияи Гулистон фиристод.
Онҳо ҳеҷ нафаҳмиданд ки ба кадом мақсад онҳоро ба ноҳияи Гулистон фиристоданд. Навбатдори Раёсати корҳои дохилии шаҳр соате пештар аз ШКД-и ноҳияи Гулистон телефонограмма гирифт ва баробари дидани ҳуҷҷати шахсони ба ҷустуҷӯи Сабзаев омада онҳоро ба ШКД-и ноҳияи Гулистон фиристод. Албатта, ӯ худ низ метавонист дар ин бора ба Сабзаев Фаттоҳ Ғаниевич хабар диҳад, вале аз рӯи ҳолатҳои кор аз ду сар рафтани онҳо ба ШКД-и ноҳияи Гулистон ва ҳамчунин ба назди муфаттиши прокуратураи ноҳияи мазкур, ки аз рӯи ҳодисаи ба сари Сабзаеви калони омада мебоист парвандаи ҷиноӣ оғоз кунад, шарт буд. Ба ҳар ҳол, навбатдори РКД-и шаҳр миссияи хеш дар ҳамин ҷо ба итмом расонид...
Вазиров Сабзаевҳоро ба назди Абдумаҷидов бурд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гуфт, ки дар ҳақиқат қарибиҳои субҳ аз дохили ҷӯйи оби кӯчаи Фирдавсӣ кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр ҷасади мардеро ёфтанд, ки дар айни ҳол дар мурдахонаи ташхисгоҳи тиббӣ-судист. Чун сари субҳ Салимов ба хонааш рафта буд, Абдумаҷидов ба муфаттиши прокуратура занг зада моҳияти корро фаҳмонд. Салимов гуфт, ки баъди ним соат дар назди Зардов мешавад. Абдумаҷидов баъзе ҳуҷҷатҳоро ба ҷузвдон андохта дар вақти таъиншуда ҳамроҳи Сабзаев Фаттоҳ ва Сабзаева Хубон ба ташхисгоҳи тиббӣ-судӣ, ки дар шафати боғи марказӣ ҷойгир буд, омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор