Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар пеши бино Салимов ва Зардов аллакай онҳоро интизор буданд.
Бинобар он ки Зардов аллакай ҷасадро аз назар гузаронида буд ва муфаттиш ба саволҳои хеш ҷавоби саҳеҳ гирифта, баъди шинохтани ҷасади маҳрум аз тарафи писар ва ҳамсараш ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмии тафтишотӣ Салимов барои ба роҳи охират гусел намудани ҷасад рухсат дод.
...9...
Дар нимаи дуюми рӯз Абдумаҷидов боз ба милиса омад. Ӯ бори дигар ба нишондоди Сабзаев Фаттоҳ ва Сабзаева Хубон шинос шуда, коғази сафедеро аз ғалладони мизи кориаш бароварда, болояш чанд доирачае кашид ва дар дохили ҳар доирача назарияҳои алоҳидаеро ҷо кард. Ҳар қадар ӯ андеша кард, ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки марги ин бинокори хизматнишондода ба кӣ лозим шудааст. Ниҳоят ӯ коғазҳои сафедро чорқат намуда, ба ҷайб андохт ва аз бинои милиса берун шуд. Саргарми хаёлоти хеш қариб ду истгоҳ пиёда рафт, вале ба хулосаи аниқе омада натавонист, ҳарчанд назарияҳои дохили доирачаҳо, ки дар коғази сафед ифшо шуда буданд, ман мегуфтанду ман... Абдумаҷидов ба автобус нишаста, дар истгоҳи наздиктарини хонааш фаромад. Чун роҳро миёнбур карда, ба самти хонааш ҳаракат кард, нохост овози Далерро шунид, ки аз байни биноҳои бисёрошёна ӯро садо мекард.
Лаҳзае истода, ба тарафи овоз чашм дӯхт. Дид, ки ҳамсараш аробачаеро пешандоз карда, ба тарафи ӯ меояд. Далер бошад, дар як мижа задан худро ба назди падар расонида, ӯро ба оғӯш гирифт.
-Ҳа, Далер, дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
-Ҳамроҳи очаам ва Абдумаҷид ба гусели Анна-хола баромадем.
-Кадом Анна-хола?
-Мария Сергеевна.
-Ҳеҷ чизро нфаҳмидам.
-Он кас ҳамкасби шумо, дадоҷон.
-Кӣ?
-Мария Сергеевна.
-Пас Анна-хола кист?
-Анна хола ин Мария Сергеевна.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор