Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин лаҳза Наталя Василевна ҳам аробачаро тела дода, то паҳлуи шавҳар омад ва аз баҳси падару писар огоҳ шуда хеле хандид.
-Ин Далерро ҳеҷ фаҳмида намешавад.
-Чӣ хел фаҳмида намешавад.
-Ана аз худаш пурс агар фаҳмидӣ...
-Агар фаҳмидӣ чӣ?
-Ман як туҳфа қарздор.
-Гап зан, Далер, чӣ буд?
Далер он чӣ ки ба падар гуфт, ҳамаашро такрор кард ва гуфт, ки дадаҷонам ҳатто Анна-холаро намешиносад.
-Эй, мардак, чӣ хел холаи Далерро намешиносӣ?
-Бори аввал мешунавам чунин номро, ки бо хонадони мо пайвастагӣ дошта бошад.
-Чӣ хел бори аввал мешунавӣ? О духтарашро кӣ ба мактаб бурд?
-Исто, исто, ки гап дар бораи очаи Насиба меравад?
-Ҳа, дар бораи холаи Далер Саодат, ки ҳоло мо ӯро гусел кардем. Дар ҳақиқат Саодат бо персонажи асосии филми бадеи “Махфияти тафтишот,” ки актрисаи рус Анна Ковалчук нақши муфаттиши прокуратура Шветсова Мария Сергеевнаро мебозад, чун себи дукафон монанд аст.
-Аҷиб тайи ҳафтаи охир ман ҳам муфаттиш Шветсоваро дида, аз дил гузаронидам, ки ба касе монанд аст, вале ба кӣ ба ёд оварда натавонистам.
-То ба куҷо одам монанд мешудааст-ҳа. Имрӯз ин гапро ба худи Саодатбону гуфтам ва ӯ хандида гуфт, ки дар маҳаллаашон кӯдакон баъди тамошои филми “Махфияти тафтишот” ӯро Аннахола ном мебурдагӣ шуданд.
-Солҳо чӣ хел тез мегузаранд!-а...
-Албатта, вақте ки мо Насибаро ба мактаб бурдем,-гӯё ҳамагӣ ду рӯз пеш буд, вале акнун Насиба духтари қадрас ба қавле арӯс шудагӣ. Шояд ҳамон меҳру муҳаббати мо нисбати Насибаҷон буд, ки акнун Саодат-апа ҳамеша Далеру Абдумаҷидро додарчаҳои Насиба гуфта ном мебарад.
-Афсӯс ки ман каме дер омадаму Саодатбонуро надидам.
-Ба фикрам, ин дафъа ба меҳмонӣ рафтан навбати мост.

пешина
аз 429
навбатӣ