Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Боке нест, ягон рӯз ҳамроҳи Абдумаҷиду Далерҷон рафта мо ҳам Насибаю Беҳрӯзҷонро хабар гирифта меоем.
-Дишаб наомадӣ?
-Ногаҳон маро ба гурӯҳи фаврӣ-оперативӣ шомил намуданду омада натавонистам.
-Хайр шаб ором гузашт?
-Қариб.
-Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Як ҳодиса ба ёдам омад, агар зид набошӣ, онро бароят гӯям ва пас худат ҷони ширин хулоса барор.
-Майлат.
-Дар Сағирдашт падарам рафиқе дорад, ки замоне дар институти педагогии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекардааст. Номаш Валиҷон. Ана ҳамин Валиҷон ба падараш хат навишта хоҳиш кардааст, ки барояш ба қадри имкон пул фиристанд. Мӯйсафеди падараш бобои Худойдод бисёр марди хуб ва дӯстдори ҳазлу шухӣ буд. Ана ҳамин бобои Худойдод мактубро ба даст гирифта, ба пеши масҷиди қишлоқ омадааст ва аз нафарони он ҷо буда пурсидааст, ки ба қадри имкон чанд пул аст.
-Мардум гуфтаанд ки сад сӯм.
-Эй, Валиҷон, Валиҷон, охир ҳамин сад сӯм менавиштӣ намешуд, ки ману модаратро гаранг кардӣ, - гуфтааст бобои Худойдод ва ба шуъбаи алоқа рафта ба писараш сад сӯм фиристодааст.
-Фаҳмо, - хандида гуфт Наталья Василевна ва аз паҳлуи шавҳар, ки аробачаро тела медод, қадам зад. Абдумаҷиди хурдакак даруни аробача аз оламу одам бехабар дастони хурдакакашро алвонҷ медод...
...10...
Марги мӯйсафед Сабзаев Ғанӣ, ки вақтҳои охир бисёр менӯшид, дар як мижа задан мисли заминларза дар маҳалла паҳн шуд. Ҳарчанд мардум на ҳама аз воқеаи ба сари мӯйсафед омада огоҳ буданд, вале ин маънии онро надошт, ки онҳо муҳри хомӯшӣ ба лаб гиранд. Баръакс онҳое, ки ҳанӯз дар бораи марги мӯйсафед маълумот надоштанд, бештар дар муҳокимаи сарнавишти тақдирсози мӯйсафед сухан ронда, ӯро ба худкушӣ айбдор карданӣ мешуданд.

пешина
аз 429
навбатӣ