Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба ҳамааш ҳамин Хубон гунаҳкор. Дар ин ҷо Фаттоҳ ҳам беайб нест, охир ӯ медонист, ки Хубон се шавҳарро партофт. Агар ӯ зани хуб мешуд, наход аз ҳамон се ҷавонмард яктоаш ӯро сарварӣ намекард. Он чӣ ки ӯ мори қурайш аст, мо намедонем.
Ғанибой аз рӯи ӯ шуда, ба май дил дод ва ана оқибаташ. Ин Фаттоҳ барои падараш зан не, балки аҷал овард. Ана акнун гир. То қиёмат сӯхта мегардӣ...
-Ҳамин хел суханрониҳо чӣ лозим? - аз паҳлуи чанд нафаре, ки даҳонашон тафс гирифта буд, гузашта гуфт мӯйсафеди Давлат.
-Чӣ хел суханрониҳо? Ба фикрам Хубон хешат, барои ҳамин гапи рост ба назарат талх метобад.
-Хубон дар ҳақиқат хешам, вале ҷон дар дасти Худои таолост ва агар Парвардигор нахостӣ, риштае ё тори мӯе канда нашавад.
-Аз касофатии ҳамон хешдухтарат мардаки дупа-дуруст майзада шуд,-паст наомада гуфт ҳамон марде, ки номаш Аббос буд.
-Аббос, гапро дароз накун, - ба сухан ҳамроҳ шуда гуфт Одилсаркор ва илова кард, ки он чӣ ки бо Ғанибой рух додааст, аз азал дар пешонааш навишта шуда будааст...
Марди мусулмон ҳар баду неки ба сараш омадаро аз тақдир мебинад. Фаттоҳ низ ҳарчанд ба марги падар нафареро, ки қасди ҷони қиблагоҳаш карда буд, гунаҳгор медонист, вале дар як вақт ба суханони хешу ақрабо ва ҳамсоягон чунин посух медод:
-Чӣ илоҷ тақдир ҳамин будааст...
Дар ин рӯзи якшанбеи охири моҳи март дар назди хонаи Ғанӣ Сабзаев мардуми зиёде гирд омада буданд ва ба тамошои замин баромадани хуршеди оламтобро баъди як ҳафта боронҳои пай дар пай ба хислатҳои неки маҳрум шабеҳ медоданд.
Хубон ҳам акнун моҳии аз об берун афтидаеро мемонд.
Ҳарчанд мардум дар рӯ ба рӯяш нагӯянд, вале аз нигоҳи баъзеашон пай бурдан мумкин буд, ки нисбаташ ақидаи нек надоранд.
Умуман, Хубонро дар ин хонадон ягон чизе дигар боз намедошт.
Ӯро танҳо як қарзи дигар назди маҳрум монда буд. Ин ҳам бошад ба роҳи охират гуселонидани шавҳар, ки то дирӯз чун майзада ҳама аз ӯ рӯй тофта буданду имрӯз ҳама гуноҳаш ба гӯшаи фаромӯшӣ дода, борони маломтаро чун боришоти ҳафтаи охир, ки ҷӯи роҳҳоро аз селоба пур карда буд, ба сари ӯ мерехт.

пешина
аз 429
навбатӣ