Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Хубон селобаҳоро танҳо дар пеши роҳи хеш медид, бехабар
40 аз он ки тамоми нопокиҳои ҷамъият чун тӯфони сунами ба милиса мераванд. Танҳо дар милиса баҳри “наҷоти” “ғарқшудагон” тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то нафари бегуноҳеро аз роҳи ин туфони марговар берун созанд ва ё аслан баъди марг ҳам номи неки ҷабрдидаро аз гирдоби азим берун оранд. То кунун Ғанӣ Сабзаев чун шахси ҷабрдида арзёбӣ мешуд ва ҳеҷ кас ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки милиса номи собиқ сохтмончии хизматнишондодаро доғдор месозад. Аслан дар ин ҷо айби милиса ҳам набуд. Ҳаркӣ киштаи хеш медаравад. Ғанӣ Сабзаев на танҳо ҷони хешро ҳангоми “кишт” аз даст дод, балки ба номи хеш низ доғ овард, вале то ҳамаи ин ҳоло вақт буд...
...11...
55 Ҳамза Сафо соати 7 дақиқаи рӯзи душанбеи якуми апрел, ки дар байни мардум чун “Рӯзи ханда” ёдрас мешавад назди дӯкони ҷавоҳирот ҳозир шуд. Ҳамза Сафо тайи панҷ соли охир вазифаи мудири дӯкони калонтарини ҷавоҳироти шаҳрро ба дӯш дошт. Ба ҷуз ӯ боз дар дӯкон се нафар духтарон ба ҳайси фурӯшанда хизмат мекунанд. Вақте ки мудири дӯкон пеши дарвозаи ҷои кораш ҳозир шуд, фурӯшандадухтурон аллакай он ҷо буданд. Яке аз духтарон, ки Зуҳро ном дошт, мудирро дида гуфт, ки имшаб ба дари хонаи Муҳаббат (фурӯшандаи дигарро чунин ном буд) хостгорон ангушт заданд. Ҳамза Сафо аз ин хабари хуш қариб дар куртааш нағунҷид ва гуфт, ки мувофиқи ваъдаи пешакӣ Зуҳро метавонад ангуштарини аз ҳама зеборо чун туҳфа аз ҳисоби дӯкон ба ангушти хеш кунад...
-Бовар кардед, Ҳамза-ако,-гуфт Муҳаббат.
-Албатта, охир имрӯз ё фардо шумо аздусар ба шавҳар мебароед ва мани мӯйсафедро бо ҳама ин ҷавоҳиротҳо танҳо гузошта меравед.
-Охир имрӯз якуми апрел.
-Чӣ...
-Якуми апрел рӯзи ханда, барои ҳамин Зуҳро шухӣ кард...
40 Тӯфони Сунами-тӯфоне, ки 28 декабри соли 2004 зиёда аз 200000 нафарро ба ҳалокат расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор