Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-О, духтарҳои шайтон, ман бошам бовар кардам, - гӯён Ҳамза Сафо қулфи назоратиро аз назар гузаронида, чун ба дуруст буданаш боварӣ ҳосил кард, калидҳоро бароварда дарро кушод.
Садои занг лаҳзае гирду атрофро ба ларза овард. Аз дохили бино тугмачаро пахш карда, Ҳамза Сафо аз телефони дастиаш ба шуъбаи ғайриидоравии милиса, ки дӯконро шабона дар пулт ба ҳимояи хеш гирифта буд, занг зада, хоҳиш кард, ки то бегоҳ назоратро аз дӯкон бекор кунанд. Ӯ ҳанӯз телефонро ба ҷайбаш наандохта буд, ки Зуҳро бо рангу рӯи канда наздаш ҳозир шуд, ки ҳатто маҷоли гап задан надошт.
-Боз чӣ гап шуд ё гуфтанийӣ, ки дар ин лаҳзаҳо ба хонаи худатон хостгор омадааст.
-Ҳамза Сафоевич, Ҳамза Сафоевич...
-Чӣ гап?
-Моро ғорат карданд.
-Ҳеҷ аз ҳамин шӯхиҳоят намондӣ, ту духтар. Шӯхӣ ҳам ба эбаш будагист, наход чунин сухани хунукро дар чунин рӯзи нек ба забон гирӣ. Илоҳо аз нӯгаки забонат занбӯр мучӣ кунад. Кош рӯзе фаро мерасиду шумо ҳама ба шавҳар мебаромадед. Баъди шумо дигар аз ҷинси зан ман ҳаргиз коргар намегирифтам. Кушад ҳам манро мард кушад...
-Ҳамза Сафоевич, ана худатон бинед.
Ҳамза Сафо ин дафъа чанд қадам боз ба пеш гузошт ва чун чашмаш ба витринаҳои толорӣ фурӯшгоҳ расид, дар ҷояш шах шуд. Умуман, болои пештахтаҳои дӯкон, ки рӯяшон бо шишаҳои ғафс маҳкам карда шуда буд, ягон чиз набуд, на ангуштарину дастпона на гӯшвору ҳалқа.
-Худоё, худаш чӣ гап? - каме ба худ омада гуфт Ҳамза Сафо.
Ниҳоят ӯ рақами маъмули 02-ро ба ёд оварда ба милиса занг зад...
Баъди бист дақиқа мошини милиса гурӯҳи фаврӣтафтишотиро ба ҷой ҳодиса овард, ки то нимаи дуюми рӯз дар дӯкон кор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба ҷуз санҷидани ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ, ки Ҳамза Сафо онро ба души хеш дошт, роҳи чӣ тавр аз дохили тунел, ки кабелҳои зиёде мегузашт, ба дохили бино даромадани ҷинояткорон ё худ ҷинояткореро муайян намуданд... Аз шишаҳои болои витринаҳо нақши ангуштони зиёде гирифта шуд. Сипас кинолог бо саг омад, вале дӯсти чорпои милиса аз мағоза то фаромадгоҳи тунел бӯй гирифту халос...

пешина
аз 429
навбатӣ