Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аз он чӣ ки ҷинояткорон тамокуро барои аз байн бурдани бӯй истифода бурда буданд, худ аз он шаҳодат медод, ки онҳо аз нияти милиса ва кори онҳо воқифанд. Модоме ки онҳо саги бӯйгирро аз роҳ заданд, ба гумон буд, ки нақши ангуштони хеш дар ягон ҷо гузошта бошанд. Абдумаҷидов сабаби ҳамаи инро аз нишон додани филмҳои криминалӣ медид ва аз рӯи чунин филмҳо шуда дар милиса ва корҳои ҷустуҷуӣ қариб дигар махфияте намонда... Маблағи умумии зарар аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ зиёда аз бист ҳазор доллари америкоиро ташкил медод...
Дар ҳамин рӯзи ханда “тӯфони сунами” оқибатҳои даҳшатбори хешро боз ба милиса овард ва натиҷаи он дили кормандони милисаро ҳазин сохт. Умуман, ин давоми тӯфони рӯзи гузашта буд ё тӯфони нав хурӯҷ карда касе намедонист.
Абдумаҷидову ҳамроҳонаш бошад, сари ин масъала майна об мекарданд...
Ба вуқуъ пайвастани дуздӣ дар дӯкони калонтарини ҷавоҳироти шаҳр, ки дар зери ҳимояи шуъбаи ғайриидоравии милиса буд, ҳодисаи одӣ набуд. Чун ҷинояткорон бо гирифтани чанд дона хишти тунел рост ба таги дӯкон баромаданд, худ шаҳодати он буд, ки онҳо ба нақшаи асосии сохтмони ҳам тунел ва ҳам мағоза пурра шинос буданд ва ё дар ин кор бо худ роҳбаладе доштанд, ки онҳоро баъди шинос намудан бо лоиҳаи сохтмон ба ин кор ҳидоят намудааст...
Бинои мағоза аслан дар нимаи дуюми солҳои шастуми асри гузашта ба истифода дода шуда буд. Тунел бошад, тахминан баъди даҳ соли сохтмони бино ба истифода дода шуд. Аслан сохтмони тунел дар зери биноҳои кӯчаи марказӣ ин худ тақозои давру замон буда, он баҳри беҳтар намудани системаи коммуникатсионии шаҳр хизмат мекард.
Тайи чил соли мавриди истифода қарор доштани бино, ки дар айни ҳол дар ошёнаи якуми он дӯкони калонтарини ҷавоҳироти шаҳр ҷойгир буд, ба якчанд ташкилоту муассисаҳо хизмат намуд.
Солҳои аввали пайдоиши ошёнаи якум бино идораи суғуртаи давлатӣ буд. Сипас онро ба идораи хоҷагии ҷангал супориданд.
Солҳои ҳаштодум бино ба яке аз филиалҳои корхонаи дӯзандагии Зайнаббибӣ хизмат карда, ҷои беҳтарини дӯхтани сару либоси арӯсон гардид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор