Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Чун мо соҳибистиқлол гаштем ва зарурияти кушодани мағозаи ҷавоҳирот пеш омад, аз бинои мазкур, ки дар кӯчаи Фирдавсӣ воқеъ гашта буд, ҷои беҳтаре наёфтанд. То андозае дар чунин мавзеъ интихоби ҷои дӯкон ин маркази шаҳр будани он буд ва ҳамаи меҳмонону сайёҳоне, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба шаҳр меомаданд, аз рӯи зарурат ва ё ҳамин хел баҳри шиносоӣ сари қадам ба дӯкони ҷавоҳирот сар халонда, аз рӯи он ба вазъи зисту зиндагии шаҳриён, ки чун оина шаффоф буд, баҳо медоданд. Бинои дӯкон аслан аз толори фурӯшгоҳ ва имрорати ёрирасон, ки дар дохили он баҳри нигоҳ доштани ҷавоҳирот чанд сандуқи вазнини оҳанин гузошта шуда буд, иборат буд. Сандуқҳои оҳанин ҳар кадоме қариб як тонна вазн дошта, дар ҳама ҳолат бехатарии ашёи қиматбаҳоро, ки аслан аз тилло то алмос буданд, ҳамчунин ҷавоҳироти ороиширо, ки аз сангҳои қиматбаҳо сохта шуда буданд, таъмин мекаранд ва ин ягон ҷои шаку шубҳа ҳам набуд.
Умуман, бинои дар кӯчаи Фирдавсӣ воқеъ буда ҳашт соли охир дар хизмати зебопарастон, дар хизмати онҳое буд, ки қимати зарро то ба қофу қайсар бурда.
Толори фурӯшгоҳ аз витринаҳо, ки болояшон бо шишаҳои ғафс маҳкам мешуд, иборат буда, дар зери ҳамин шишаҳо дар қуттиҳои зебои махмалин асбобҳои қиматбаҳои ороишӣ, ки метавонистанд ба ҳусни зебои зан ҳусни наве зам намоянд, ба тарафи харидорон “чашмак” мезаданд...
Аслан онҳое, ки зиндагиро ба таври бояду шояд наомӯхта буданд ё ба қавле кисаашон хароб буд, аз даромадан ба дохили дӯкон худдорӣ мекарданд.
Ғалладони витринаҳо бо қулфҳои дохилӣ, ки аслан дар корхонаҳои мебелбарорӣ истифода бурда мешуданд, маҳкам карда шуда буд ва умуман ҳаминаш ҳам кофӣ буд, чунки дар сексияҳои хурди толори фурӯшгоҳ се духтараки паричеҳра, ки шояд дар озмуни зебоӣ сазовори ҷои кор шуда буданд, аз болои витринаҳо назорат бурда, ба мизоҷон, ки аз кассаи дар пеши дари даромадгоҳ воқеъбуда чек меоварданд, хизмат мерасониданд. Вазифаи кассирро бошад, худи мудири дӯкон марди тахминан панҷову панҷ-шастсола Ҳамза Сафо ба душ дошт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор