Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аз рӯи низомнома бояд пас аз кор ҳамаи ашёи дохили витринаҳо ба сандуқҳои оҳанин дар дохили бинои ёрирасон буда ҷо ба ҷо карда мешуданд. Сейфҳо аслан рақамӣ буда, бо диск маҳкам карда мешуданд ва рақами онҳоро танҳо мудири мағоза медонист.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ҷинояткорон ҳатто ба сейфҳои оҳанини дохили бинои ёрирасон буда таваҷуҳ зоҳир накарда, танҳо витринаҳои толори фурӯшгоҳро “тоза” карда рафтанд. Ҳамчунин, муайян карда шуд, ки аз тунел плитаи керамикии андозаи панҷоҳ бар панҷоҳ сантиметрро, ки дар қисми чапи зали фурӯшгоҳ ҷойгир буд, бардоштаанд.
Бе оғози тафтишоти пешакӣ ҳам муайян кардан душвор набуд, ки маъмурияти дӯкон бар хилофи Низомнома, ки онро Вазорати савдо тасдиқ намудааст, амал карда, ҷавоҳироти дохили витринаҳоро ба сандуқҳои оҳанин нагузоштанд ва аз беҳаракатии хеш дар хизмат хунукназарӣ зоҳир намуданд, ки боиси рух додани чунин ҷинояти калон гаштааст.
Аслан ҳангоми суҳбат бо кормандони мағоза Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки дар ҳодисаи мазкур танҳо гунаҳкор кардани Ҳамза Сафо ва фурӯшандадухтарон аз рӯи инсоф нест. Мудири мағоза Ҳамза Сафо чанд маротиба дар бораи надоштани имконияти ҷобаҷокунии ҷавоҳирот ба номи вазири савдо нома фиристодааст, вале касе ба додаш нарасидааст.
Сабаби асосии дар сандуқҳои оҳанин ҷо ба ҷо накардани ҷавоҳирот ин зиёд шудани талаботи харидорон ба чунин маҳсулот ва васеъ шудани гардиши мол буда, аз миқдори муайян зиёд овардани ҷавоҳирот ба мағоза гардидааст, ки дигар дар сандуқҳои оҳанин онҳоро имконияти ҷо ба ҷо кардан нашудааст ва дар зери назорати милиса будани дӯконро баҳона карда, рухсат додаанд, ки ашёҳои дар витринаҳо буда шабонгоҳ гирифта нашаванд.
Ҳамза Сафо дар бораи он ки чунин амр аз тарафи кӣ ба тавсиб расидааст ва канӣ он амр ягон коғазе ба гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ба ҷои ҳодиса омада нишон дода натавонист, аммо маълум буд, ки маоши ҳар кадоми онҳо аз ҳисоби даромади умумист ва аз меъёри муқаррар кардашуда зиёд қабул кардани бор низ акнун ба души ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор