Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тамоми давраи азназаргузаронии ҷои ҳодиса майори милиса Абдумаҷидовро як чиз ором намегузошт. Ин ҳам бошад, куштори Ғанӣ Сабзаев, ки ҳамагӣ сию чор соат пештар рух дода буд. Аслан ҳодисаи пештараро дар дили Абдумаҷидовон он чӣ метавонист бедор намояд, ин ҳам бошад сохтмончии хизматнишондода будани марҳум Сабзаев буд. Маҳз ҳамин ҳолат ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба андеша водор кард ва ҳарчанд дар ин бора далелҳои боэътимод надошт, лек дар назди худ мақсад гузошт, ки дафтари аъмоли сохтмончии хизматнишондодаро як бор дурустакак варақ мезанад.
Ҳарчанд то кунун пайвастагие байни ду ҷинояти вазнин, ки тайи ду рӯзи охир ба қайд гирифта шуда буданд, дида намешуд, вале ҳарду ҷиноятро, ки онҳоро селобаи сунами мегуфтанд, бояд аз элак мегузарониданд. Аз элак бошад, танҳо чизи тоза мегузарад ва ҳар чи ки нагузашт, боиси таҳлил ва ташхис мешавад...
...12...
Салимов дар нимаи дуюми рӯз ба котиботи прокуратура даромада, хулосаи ташхиси тиббии Сабзаевро гирифта, ба дафтари кориаш баргашт ва сари мизи кори нишаста ба қироати он пардохт...
...Шаҳрванд Сабзаев Ғанӣ, соли таваллудаш 1938, дар байни
45 30 соатҳои 23- 01 дақиқаи шаби 30 ба 31 март дар натиҷаи гирифтани зарбаи сахт бо асбоби кундаланг ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми кушодани ҷасад дар хуни маҳрум миқдори зиёди нӯшокии спиртӣ муайян карда шуд. Аз ин бармеояд, ки маҳрум пеш аз марг дар ҳолати сахти майзадагӣ қарор доштааст. Нақши расидани зарба худ шаҳодатгари он аст, ки зарбазананда нисбати ҷабрдида хеле баландқад аст ва ё ҷабрдида дар ҳолат ва мавқеи пасттаре аз зарбазананда қарор доштааст, ки ин боиси боз ҳам зиёдтар гаштани қувваи зарба гардидааст. Ҳангоми ташхис аз ҷойи гирифтани зарба ва ҳам аз гиребони куртаи мақтул зарраҳои хурди шишапора ёфт шуд, ки онҳо ҳамчун далели шайъӣ барои ташхиси минбаъда ба халтаи селофоние гирифта шуда, ба хулосаи ташхиси тиббӣ ҳамроҳ карда шуданд. Маҳз ҳамин шишапораҳо ташхиси тиббиро водор месозад, ки хулосаи хешро бар он диҳад, ки асбобе, ки ба сари ҷабрдида зарба зада шудааст, ин шиша ё худ шишаи кундаланги ба сабу монанд будааст, ки аз зарби сахти дар сари маҳрум расида шикастааст.

пешина
аз 429
навбатӣ