Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Охир муфаттиш...
-Ман шуморо фаҳмидам, - сабаби эътирози бандаро дарк намуда суханамро бурид ӯ.
-Охир...
-Гуфтам-ку, шумо бо муфаттиш маслиҳат намоед ва баробари пой ба остонаи фурудгоҳи шаҳри гузоштани Қиёми Абдулхайр мо худамон вайро ба зери ҳимоя мегирем.
-Фаҳмидам.
-Аз пайи кор шавед!
-Хуб шудааст!- гӯён ман аз ҷой бархестам...
-Ба Қиёми Абдулхайр хатар таҳдид мекунад?- ба тарафи ман нигариста пурсид муфаттиш.
-Гумон мекунам, ки чунин аст.
-Барои чунин андешаронӣ далел доред?
-Албатта.
-Ман ҳеҷ намефаҳмам.
-Чиро?
-Мақоми милисаро.
-Милиса ба ин чӣ дахл дорад?
-Охир ҳамааш шуда ду рӯз пештар мо дар ҳамин ҷо сари ҳодисаи рухдода андешаронӣ намуда будем.
-Ҳамааш ҳамин хел буд.
-Пас ба шумо чӣ шуд?
-Агар шумо имконияти ба ман сухан гуфтан надиҳед, андешаҳои пешин пойдор мемонанд.
-Бубахшед.
Сипас ман муфаттиши прокуратураро ба рафти ҳодисаҳое, ки тайи дувоздаҳ соати охир баҳрам аён гашта буд, шинос карда ва нуқтаи назари хешро дар ин бора баён намудам.
-То замоне, ки ӯ дар хоки Қирғизистон аст, дар ҳимояи вай мо дасткӯтоҳем, вале гумон мекунам дасти қотил ба он дараҷае дароз нест, ки бо ӯ ҳисобашро аз марз берун баробар намояд.
-Шояд ӯро дар ин бора огоҳ намоем.
-Рафту вай худаш амалиёти шаби 1 ноябрро тарҳрезӣ карда бошад - чӣ?
-Намедонам.
-Битарс аз он ки ӯ натарсад аз Худо.

пешина
аз 429
навбатӣ