Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...8...
Шаб ором гузашт...
Дар оғози рӯзи нав, вақте ки моро дубора ба назди Спартак хонданд, ман гузориш ва тағйироту иловаҳоро ба нақшаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ болои мизи кории муовини сардор гузоштам.
Сафар Бобохонович коғазҳоро аз назар гузаронида, то анҷоми маҷлис дар ин бора сухане ба забон наовард. Сипас вақте ки ҳамагон дафтари кории ӯро тарк намуданд, ба нохост гулӯ рӯшан намуд:
-Рафиқ капитан, шумо боз каме сабр намоед.
Ман дубора ба курсӣ нишастам, то бифаҳмам эшонро чӣ дардест дар ниҳод?
Раҷабов аз ғалладони мизи кориаш тамоку бароварда даргиронд ва муддате дар зери фаввораи дуди тамоку сари андешаҳои хеш буд.
-Ба шумо осон, - гуфт ӯ.
-Чӣ осон? - чизеро нафаҳмида пурсидам ман.
-Осон, ки тамоку намекашед, вале ман аз ин зормонда ҳеҷ дил канда натавонистам, - гӯён ӯ тамокуи нимсӯхтаро ба хокистардони гӯшаи мизаш гузошта, дубора гузориши бандаро ба даст гирифта пурсид:
-Аз кадом лиҳоз чунин хулоса баровардед?
-Ҳамааш дар ҳамон ҷо сабт шудагӣ, - гуфтам ман.
-Мефаҳмам, вале як ҳолат бандаро ором гузошта наметавонад.
-Кадом ҳолат?
-Ҳамагӣ ду шабонарӯз пештар шумо дар дигар ақида будед.
-Инкор намекунам, вале шумо худ шоҳид будед, ки шаби гузашта Абдурашиди Шариф чӣ гузориш дод. Бо супориши шумо банда аз ҳамин нуқтаи назар ба нақшаю чорабиниҳои корҳои ҷустуҷӯйӣ тағйироту иловаҳо ворид намудам. Сабаби аслии ба чунин амал даст заданамро дар гузоришам овардаам.
Муовини сардор гузоришро дубора мутолиа намуда,. ба гӯшаи он чизе навишта имзо намуд. Сипас ба тарафи ман рӯ оварда гуфт:
-Ҳамааш дуруст, рафту шумо дар чунин андешаед, сари ин масъала бо муфаттиши прокуратура маслиҳат намоед. Охир илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтанд.

пешина
аз 429
навбатӣ