Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Гумон доред, ки...
-Ҳеҷ гумон надорам, вале худи далелҳои пешниҳоднамудаи шуморо дар мизони ақл гузошта, ба чунин хулоса омадам.
-Пас чӣ бояд кард?
-Гапи хона ба бозор рост намеояд, ҳоло ки ӯ аз марзи диёр берун аст, мо дар ҳимояаш дасткӯтоҳем. Чун пой ба сарзамини аҷдодӣ гузорад, илоҷашро меёбем, албатта меёбем.
-Аминам.
-Ҳа, дарвоқеъ, тафтишот донистан мехоҳад, ки оё шумо дар бораи нафаре, ки ду сол қабл дар зиндагии Мирзои Абдураззоқ дигаргунии куллиро пойдор намудан хостааст, маълумоте пайдо намудед?
-На танҳо маълумот, балки бо худи ҳамон бону суҳбат намудам.
-Ӯ аз марги собиқ дӯсташ хабар дошт?
-Не.
-Бо шунидани хабари марги нафаре, ки боиси озурдагии дилаш гардидааст, чӣ гуфт?
-Афсӯс хӯрд.
-Ба кадом хотир?
-Ба хотири фарзанди дар гаҳвора будааш.
-Аз вохӯрӣ бо вай чӣ хулоса баровардаед?
-Гумон мекунам, ки ӯ ҳаргиз қасд ба ҷони падари фарзандаш, ба ҷони нафаре, ки замоне дӯсташ медошт, накардааст.
-Яъне, ки...
-Ӯ афсӯс хӯрд, ки падари тифлаш ба Ҳиндустон нею ба гӯристон рафтаст.
-Ному насабаш?
-Ҷамилаи Ҷамшед.
-Суроғааш?
-Кӯчаи Оҳангарон, 24/1, ҳуҷраи 8.
-Ӯ танҳо зиндагӣ мекунад?
-Танҳо.
-Сабаби гӯшанишиниашро нагуфт?
-Гуфт, ки баъди таваллуди тифли бепадар дигар ба деҳа баргашта натавонистааст.

пешина
аз 429
навбатӣ