Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Фарҳоди Аваз бо ӯ хешутаборӣ дорад, вале магар шарт буд, ки барои хешутаборӣ бо вай ҳамақида шавад. Умуман, ӯ маро бисёр моҳирона ба дом кашид. Шояд ҳамааш аз рӯи ирсият бошад.
Ҳарчанд аз авлоди падариам ҳама мардони Худотарсу тақводоранд вале авлоди модариам мардони соқ нестанд. Бубин, ду тағоям даҳ сол боз дар ҳабсхона ва Фарҳоди Аваз ҳам хеши модарам. Афсӯс ки дар вақташ ба дарси муаллими “Анатомия” гӯш надодам...
Таъби ӯ дар нимаи дуюми рӯз бо фазои пурабр, ки гузаштани нури хуршедро ба замин монеъ мешуд, баробар гашт...
Акнун ӯ моҳии ба соҳил афтидаеро мемонд, ки баҳри наҷоти хеш худро ба ҳар тараф мезад, вале дарё аз ҷои исти ӯ хеле дур монда...
Хост, ки дар ин бора ба Фарҳоди Аваз хабар диҳад вале фикре ба сараш заду аз райъаш гашт. Ӯ акнун фаҳмид, ки аз милиса дида Фарҳоди Аваз барояш хатари бештаре дорад. Вуҷудаш ларзид.
Мӯйҳои баданаш чун сих рост шуданд. Ба ёд овард суханони бобояшро, ки мегуфт: “Битарс аз он кас ки ӯ натарсад аз Худо”.
Бубин ӯ бо он мӯйсафеди бечора чӣ кард, дар як мижа задан ӯро аз дорулбақо ба дорулфано фиристод” ва канӣ кафолат, ки он хеши модарам барои амон мондани сари хеш сари бандаро нагирад...
Асрори Аҳрор саргарми хаёлоти хеш дар кӯчаҳои сердолу дарахти шаҳр қадам мезад ва таъбаш чун фазои дар зери пардаи абр монда боз ҳам хиратар шуд...
...35...
00 Маҷлис дар вақти таъиншуда расо дар соати 19 дар дафтари кории сардори ШКД сар шуд. Аслан дар маҷлис танҳо кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ, ки ҳама афсарон буданд, иштирок доштанд. Ба маҷлис аз рӯи таҷрибаи андӯхта ҳама бо тайёрӣ омада буданд. Чун ҳама ҷо ба ҷо шуданд, Воҳид Камол риштаи суханро ба даст гирифта, нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар кори бахши кофтукови ҷиноятӣ, ки боиси паст шудани фоизи кушодашави ҷиноятҳои ноаён содиршуда ва вазнин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳарф зад ва гиреҳи ин муамморо аз ҳамкорон пурсон шуд. Чун ҳеҷ кас бо хоҳиши хеш майли ба майдон баромадан накард, Воҳид Камол аввалин шуда лаҷоми суханро ба муовинаш Масрури Мӯсо, ки бахши мазкурро роҳбарӣ мекард, супурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор