Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аз он чи ки дар бахши асосии маҷлис, ки дар нимаи якуми рӯз шуда гузашту Масрури Мӯсо ба қавле бо ҷазои сабук халос шуд, таъби Оташакро хеле хазин намуда буд ва ҳарчанд аз сари субҳ новобаста аз абрҳои зиёде ки қабати болои заминро пӯшонида буданду вале то ҳанӯз аз борон хабаре набуд, Оташак яку якбора бе ягон истиҳола борони таънаю маломатро ба сари ҳамкорон рехт...
Абдумаҷидов ҳар қадар ба суханронии Масрури Мӯсо гӯш дод, суханеро ки боиси пешравии кор гардад, дар нутқи пурмуҳтавои муовини сардор нашунид, вале ӯ чизи дигареро дарк кард ва фаҳмид, ки Масрури Мӯсо ин кадри тасодуфие дар милиса аст ва шӯҳратпарастӣ ба, ӯ бо роҳи ирсият гузашта. Дар рафти суханронии хеш ки қариб бист дақиқа вақти ҳозиринро гирифт, ӯ фарзанди кӣ будани хеш ва бо болоҳо алоқа доштанашро бори дигар ёдовар шуда гуфт, ки маҳз аз рӯи кормандоне, ки дар ғами обрӯи идора нестанд, ӯ имрӯз соҳиби чунин “мукофот” гашт.
Ҳарчанд ӯ ин дафъа номи Абдумаҷидовро ба забон нагирифт, вале ҳаминаш басанда буд, ки гуфтаанд: “духтарам туро мегӯям, келинам шунав...” Воҳид Камол баъди шаш нафар ба Абдумаҷидов сухан дод ва пеш аз ҳама дар бораи дар кадом поя қарор доштани корҳои ҷустуҷӯӣ аз рӯи парвандаи ҷиноӣ оид ба марги сохтмончии хизматнишондода Сабзаев Ғанӣ ва алоқамандии ҳодисаи мазкур бо дуздии мағозаи калонтарини ҷавоҳироти шаҳр пурсон шуд.
-Ҳарчанд то кунун дар корҳои ҷустуҷӯии парвандаи мазкур дастоварди аниқе нест, вале ман ва ҳам муфаттиш дар ҳамон ақидаем, ки тафтишот маҷрои муайяни хешро гирифтааст.
-Чӣ хел маҷро? Шумо чиҳо гуфта истодаед? Луқмаи таппатайёрро пеши по задед ва боз сари моро гаранг кардан мехоҳед, - сухани ӯро бурида гуфт Оташак.
-Ман ҳайронам, ки чаро шумо як нуқтаи назарро дошта шиштед. Фикр накунед, ки ин ҷо ба ҷуз шумо, рафиқ капитан, дигар ҳама гӯлу гумроҳ нишастаанд.
-Дар бораи кору бори худатон гап занед ва ҳаргиз кафили дигарон нашавед, - боз луқма партоф Оташак.
-Ҳақиқат талх аст, вале шунидани он аз манфиат холӣ нест.
Бори дигар ба маълумоти шумо мерасонам, ки ман кафили касе нестам, вале маҳз шумо барои он ки ману муфаттиш Давлат Баҳромро сар додем, аз мо домангиред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор