Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Сар додед, майлаш, пас ба мо бигӯед, ки канӣ он ҷинояткори асосӣ, ман шахсан аз шумо дар ин бора то ҳанӯз ягон хабари оперативӣ нагирифтам. Шояд ба ман бовар накарда, он хабари хушро ба сардор расонидед.
-Ман то ҳанӯз хабари нимхомро на ба гӯши шумо ва на сардор нарасондаам ва агар чунин хабар ба даст орам, ҳеҷ гоҳ чашмонамро пӯшида, аз паҳлуи шумо гузашта, назди сардор намеравам. Метавонед осуда бошед.
-Пас бигӯед, ки чӣ тавр тафтишот маҷрои хешро гирифтааст?
-Дилатонро дур набаред, вале ман аминам, ки мо аллакай ба самте ҳаракат дорем, ки моро то остонаи хонаи ҷинояткор мебарад.
-Набошад, хурсанд шавем, вале банда ҳатто ба нақшаи оперативии парвандаи ҷӯстуҷӯӣ шинос нестам.
-Инаш айби ман нест, чунки нақшаи мазкурро худи сардори ШКД тасдиқ намудааст ва агар шумо онро дидан мехостед, бояд онро талаб мекардед ва на чун ҳоло дар маҷлис, балки чанд рӯз пештар.
-Ба инобат мегирем, рафиқ майор, вале ман ҳеҷ боварие надорам, ки шумо боз ҳимоячии гумонбаршудаи навбатӣ нагардед?
-Ман ҳамон кореро мекунам, ки қонун ба зиммаам вогузоштааст ва ҳамаи он дастурҳое, ки бархилофи қонунанд, сарфи назар мекунам.
-Сухани сардорро ҳам?
-Агар бар хилофи қонун бошад.
-Оё гуфтанӣ нестӣ, ки Давлат Баҳромро ман бархилофи қонун ба инҷо овардам.
-Не.
-Пас чаро ӯро сар додед?
-Чун ба бегуноҳиаш бовар кардем, ӯро сар додем.
-Барои ин ҳам маҳз шумо бисёр ҷон коҳонидед. Ба шаҳри Ваҳдат рафтед, барояш алиби ҷуста овардед, ҳамин тавр?
-Ҳамин тавр. Гуфтам-ку, ин беҳ аз он аст, ки мо шахси бегуноҳеро бо ҷурми ҷинояти содирнакарда боздошт намоем.

пешина
аз 429
навбатӣ