Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ман ҳам ҳамон вақт суханамро гуфтам, ҳамин хел не?
-Кадом суханатонро дар назар доред?
-Дар дигар ҷой шояд манфиати шумо ба мардум бештар расад.
-Ин бори аввал ҳам нест, ки кафши бандаро аз ин даргоҳ пеши по монданианд, вале то кунун ин кор ба касе муяссар нашуд...
-Агар рафторатон ҳамин хел бошад, ман маҷбур мешавам...
-Барои кадом гуноҳам?
-Бегуноҳ ҳам нестед.
-Дар ҳама ҳолат гуноҳи одамро дайн намудан лозим мешавад ва ба гумон аст, ки бе далелҳои шайъӣ аз милиса бандаро пеш намоянд.
-Агар ман хоҳам, ҳамааш мешавад, аз хотир набароред инро.
-Ҳарчи аз дастатон ояд марҳамат, вале хуб мешуд, ки пеш аз пода чанг наандозед.
-Рафиқ подполковник, чӣ лозим чунин гарданшахҳоро нигоҳ доштан? - ба тарафи Воҳид Камол нигариста гуфт Масрури Мӯсо ва гумон дошт, ки сардор ба ҳимояаш мехезад, вале ҳамааш баръакс шуд.
-Ором шавед, рафиқ капитан. Агар кафши ҳар як нафарро мо пеши по мондан гирем, пас мо бо кӣ кор мекунем? Худатон лаҳзае қазоват намоед, ки Абдумаҷидов чун ман на кам аз шаш нафар сардори милиса ва на кам аз бист муовини сардорро дида, аз кору бори ҳар кадоме заррае таҷриба андӯхта. Ӯ тамоми умр дар ҳамин шуъба кор кардааст ва ба таври дигар гӯем, дар кураи обу оташ пухта расида. Донишу маҳорати касбии чунин нафаронро аз бар кардан лозим, на ин ки пеш аз муҳлат ӯро ба нафақа гусел намоем.
Дар ҳақиқат дар дунё ҳеҷ кас бе гуноҳ нест, вале набояд мо аз зери ҳар як нохун чирк кобем. Абдумаҷидов ҳам бе камбудӣ нест ва камбудии ягонаи ӯ он аст, ки ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед нагуфта, бехабар аз он, ки забони ростгӯ, ҳамеша сари мард ба бод медиҳад.
Муовини сардор дигар лом нагуфт ва то охири маҷлис ҳатто даҳон накушод. Охир чӣ ҳам мегуфт ӯ. Агар Воҳид Камол ӯро сарзаниш ҳам мекард, дам намезад, чунки аз рӯи чунин хусусиятҳои ирсиаш ба ин мақому мартаба расида буд ва дар ҳама ҳолат ба сари зердаст мушт мебардошт, вале пеши хоҷагон ҳамеша бечораю музтар буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор