Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Рафиқ Абдумаҷидов, фардо субҳ аз рӯи парвандаи ҷустуҷӯие, ки тайи ним соат боз дар борааш баҳс доред, ба номи ман гузориш навишта, бо фикру андешаҳои доштаатон назди ман дароед. Акнун шинед!-амр кард Воҳид Камол ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба курсӣ нишаст.
Боз чор-панҷ нафар ба муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ бархеста, нафаре аз онҳо ба ҳимояи Масрури Мӯсо бархест, вале Воҳид Камол ӯро ҳамоно ба ҷояш шинонда гуфт, ки муовинаш ба ҳимоячӣ эҳтиёҷ надорад.
“Чӣ дунёе, - аз дил гузаронд Абдумаҷидов, - кай бошад, ки ин хушомадгӯён ҳам боре ҷомаи мардӣ ба бар намоянд, вале ин ҳама фикру хаёл буд, чун аз рӯзе ки Офаридгор олам офарид, ба ҳар кӣ хулқу атволи муайян дод ва он аз тухми нуфтаи мард ба зан гузашт ва минбаъд характери ирсиятро гирифт.” Баъди дуюним соат маҷлис ба кори хеш анҷом бахшид ва ҳозирин дафтари кории Воҳид Камолро тарк намуданд. Ҳар он чи буду набуд, дар ҳамон ҷо монд ва кормандон боз аз пайи кори хеш шуданд. Абдумаҷидов лаҳзае ба ошёнаи дуюм баромада, коғазҳои дар дасташ бударо ба ғалладони мизи кориаш гузошта берун баромад. Шаб ба маънои томаш ҳукмфармои дошт. Шамол уллоскашон ба дару деворҳои шаҳриён мезад ва аз омад-омади борон мардумро огоҳ кардан мехост. Абдумаҷидов то ба истгоҳ рафта, аз он ҷо ба таксие нишаста, ба тарафи хонааш ҳаракат кард.
Тамоми роҳ симои ҷарроҳ ӯро дунболгир буд, вале дар чунин шаб ӯ майли ҷустани ҷарроҳро ҳам надошт, чунки то ҳанӯз ҷойи зисти ӯ маълум набуд ва модоме ки ҷой зисташ маълум набуд, ҷустанаш ҳам маъние надошт... Абдумаҷидов як истгоҳ пештар аз хонааш аз таксӣ фаромада, ба тарафи хонааш ҳаракат кард.
..36...
Шояд манзарае аз тамошои шабнами субҳгоҳӣ, ки болои майсаву гулҳоро бо тобишҳои аввалини нурҳои хуршед ҷило медиҳад, зеботар набошад. Сари субҳи рӯзи душанбе, вақте ки Абдумаҷидов аз хона баромада, роҳи коргоҳро пеш гирифт, айнан чунин манзараеро дид, ки баъди борони кӯтоҳмуддати дишаба баҳри заминиён ба мерос монда...
Шабнами субҳгоҳӣ чун ашки сари мижгон аст, ки таваққуфро намепазирад ва дар як мижа задан таровати хешро гум мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор