Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар маҳаллаҳои гарм, ки иқлими тропикӣ доранд, шабнам танҳо баъди борон мемонад, вале ҳастанд маҳаллаҳое, ки аз рӯи мавқеи ҷуғрофии хеш мардумаш қариб ки ҳар субҳ тамошобини чунин манзараи зебо мегарданд. Абдумаҷидов ин субҳ аз паҳлуи мактаби маҳалла гузашта истода, чашм аз қатраҳои шабнами болои гулҳо канда натавонист. Ӯ лаҳзае дар ҷояш истод ва ба гулҳои шабнамдори атрофи мактабе, ки дар он ҷигарбандаш таҳсил мекард, чашм духт...
Манзараи субҳгоҳӣ мавҷи хаёлоти ваколатдори кофтукови ҷиноятиро чун мавҷи ғаллазорон ба самти дигар алвонҷ дод...
Он солҳо ӯ дар Сағирдашт ҳамроҳи бобою бибаш зиндагӣ мекард ва ба қавле дастёри ягонаи хонадон буд. Мактаби онҳо, ки он солҳо ягона мактаби миёна дар тамоми деҳшӯро буд ва на камтар аз панҷсад хонанда дошт, боиси ифтихори ҳамагон буд.
Мактаб дар мавзеи аз ҳама зебои деҳ бино шуда, гирду атрофаш чунон зебою озода буд, ки кас аз тамошояш як ҷаҳон ҳаловат мебурд. Атрофи мактаб гулзорро мемонд ва хонандагон дар шинонидани гулҳои гуногун худ саҳм мегузоштанд. Майдончаи варзишиаш чун майдони сурхи назди Кремли Маскав буд.
Баробари вориди мактаб шудан чашми кас ба расми калони Шайхул-раис Абуалӣ ибни Сино, ки мактаб номи ин аъломаи Шарқро дошт ва хонандагонаш ба ин ном ифтихор мекарданд, бармехӯрд.
Сағирдашт маҳз аз он мавзеъҳое ҳаст, ки тасвираш дар боло рафта ва сокинонаш ҳар субҳ шабнами саҳаргоҳиро мебинанд. Ҳар субҳ, вақте ки ӯ ба мактаб мерафт, шабнами болои гулҳои атрофи мактабро медид, ки чун холи бари рухсори духтари ҳамсоя диққати ӯро ба худ ҷалб мекард ва ӯ нигоҳи хешро ба ҳамон сӯ дӯхта аз тамошои он манзара ҳаловат мебурд ва шабнами болои гулҳо дар зери нурҳои хуршед чун табассуми зебои духтари ҳамсоя ба сӯяш чашмак мезаданд...
..37...
Ҳамза Сафо баъди ду соати тергав бо таъби хира аз бинои прокуратура берун шуд. Рӯзҳои аввалини содиршавии ҷиноят дар мағозае, ки ӯ мудир аст, оид ба дидаву шунидааш ба кормандони милиса ҳисобот дод ва имрӯз бошад...
Муфаттиши прокуратура Салимов бархилофи ҳамкасби милисааш Зарифов умуман аз самти муқобил ба ҳуҷум гузашт.

пешина
аз 429
навбатӣ