Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бубин, маро бо чӣ гунаҳкор мекунад, гӯё аз рӯйи хунукназари мо шуда нафаре сари хеш ба бод додааст. Ана гапу мана гап...
Ба фикрам, муфаттиш дар симои ҳар як нафаре, ки бо парвандаи мазкур алоқмандие дорад, ҷинояткорро мебинад. Магар ҳамин ҳам кор шуд? Наход муффатиш шуда нафаҳмӣ, ки дар ҳамин шабу рӯз ҳама аз пайи рӯзгори хешанд ва он чӣ ки ду рӯз пеш рух додааст, ба ёд оварда наметавонанд. Вай бошад, аз ҳодисаи чил сол пеши рухдода, мепурсад, ки оё ман бо меъмори бино шиносоие доштам ё на. Хаёл мекунанд, ки бино манзили шахсии ман аст ва бояд таърихи пайдоишу меъмори онро донам.
Агар меъмор он қадар шахсияти бузург буд, чаро номи ӯро бо ҳарфҳои зарин дар пештоқи бино сабт накардед, мисли оне ки дар биноҳои чанд аср пештар сохтаи меъморони бузург дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, номашонро сабт кардаанд. Аз он чи ки Салимов гуфт, бармеояд, ки аслан тарҳрези ғорат намудани мағозаи ҷавоҳирот худи меъмор будааст. Ҳарчанд, ӯ ҳақиқати гапро пурра нагуфт, вале мо ҳам он қадар бефаҳм нестем, ки ҳамин чизи одиро аз мадди назар дур намоем. Модоме ки меъмор сари хеш ба бод додааст, пас ӯро албатта, пайвастагие бо мағоза будааст. Охир ба ҷуз меъмор боз кӣ медонад, ки тунели коммуникатсионӣ аз кунҷаки бинои толори фурӯшгоҳи мағоза мегузарад. Ба фикрам, онҳо сабаби ба ҳалокат расидани мӯйсафедро дар алоқамандӣ бо ҳамин мағоза мебинанд. Агар ба ҷой мӯйсафед шояд дигар кас ба ҳалокат мерасид, ба гумон буд, ки моро чун шоҳид даъват намоянд. Ҳарчанд то ба охир ба моҳияти ҷеғ задан ва пурсиш ба сифати шоҳид сарфаҳм нарафтам, вале ин ҷо ягон сирре ҳаст, сирре ки тафтишот аз ошкор карданаш худдорӣ мекунад.
Аслан кори кормандони мақомоти тафтишотии мо дар нисбати кормандони Ғарб хеле осонтар аст. Сабаби ин пеш аз ҳама ба чунин корҳо таваҷҷуҳ надоштани журналистон аст. Дар Ғарб рӯзноманигорон ҳамеша дар ҷустуҷӯи чунин факту рақамҳо буда, комиссарҳои полисро қариб ки дар лонаи мурғ ҷо мекунанд.
Рӯзноманигорони Ғарб соатҳои дароз пеши бинои полисро ба “иҷора” гирифта, ҷӯёи сабабҳои ҳодисаи рухдода мегарданд, вале дар мо бошад...

пешина
аз 429
навбатӣ