Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Бубин, матбуоти даврии мо ҳатто як хабарчае оид ба содиршави ин ду ҷиноят чоп накард, пас мардуми бечора чӣ тавр ба ёрии милисаву прокуратура шитобанд.
Ман, ки нисбати ҳодисаи мазкур қариб тасаввуроте надорам, ду соат дар назди муфаттиш “ҳисобот” додам ва шояд оне ки дар ин бора маълумот дорад, худ хабар надорад, ки ба куҷо равад, чунки аз асли воқеаи охир хабардор нест...
Муфаттиш прокуратура бандаро барои хунукназарӣ дар хизмат гунаҳкор карданӣ шуд ва то андозае ҳақ ба ҷониби ӯст, чунки мо худ оқибати кори хеш дар вақташ андеша накардаем.
Ҳарчанд дар бораи надоштани имконият барои қабули бори зиёдатӣ ба худи Вазорати савдо мактуб навиштем, вале бо як ҷавоби даҳонӣ моро ором карданд ва ана натиҷааш...
Бубин, Салимов дар бораи сангҳои қиматбаҳо пурсон шуд.
Маҳз дар бораи он ангуштарине, ки нигинаш аз ёқут буд. Ӯ фаҳмидан хост, ки чаро ёқутро боз лаъл мегӯянд, гумон намуд, ки банда сангшиносаму маҳз аз ҳамин рӯ манро дар мағозаи ҷавоҳирот мудир таъин намуданд. Оё муфаттиши муҳтарам намедониста бошад, ки дар ҳамин шабу рӯз кӣ аз рӯи ихтисос кор кардааст? Агар ман заргар мешудам, шояд қадри зар медонистам ва шабона борро аз рӯи низомнома дар сейфҳои вазнин мегузоштам. Чун мутахассиси ин соҳа набудам, қимати зар надонистам ва ҳам кори хеш ва ҳам кори тафтишот дӯлоб намудам...
Бо ҳамин фикру андешаҳо Ҳамза Сафо ба ҷои кораш омад ва чун ба курсӣ нишаст, Зуҳроро наздаш хонд ва гуфт, ки духтари нағз акнун имтиҳонсупорӣ навбати ту.
-Чӣ хел имтиҳон?
-Ба прокуратура рав, ҳамаашро мефаҳмӣ...
...38...
Фарҳоди Аваз баробари вориди тарабхона шудан лаҳзае дар ҷояш истод. Ба бахташ, ки ҳамон пешхизматдухтари шиносаш аз дур ӯро дид ва чанд қадам ба истиқболаш гузошта, меҳмонро хайрамақдам гуфт ва то ҳамон мизи кунҷак, ки тайи ҳафтаи охир мизоҷ ба “иҷора” гирифта буд, роҳбаладӣ намуд.
Духтар ҳам тайи як ҳафтаи охир мақсаду мароми “мизоҷ” - ро омӯхта буд ва аз ӯ меҳрубониеро интизор буд, вале мизоҷ то ҳанӯз ба даҳон об гирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор