Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Баробари ба курсӣ нишастан духтар бори дигар Фарҳоди Авазро хайрамақдам гуфт ва матлаби ӯро донистан хост. Меҳмон ба чеҳраи зебои духтар чун харидор ба себи хубонӣ чашм дӯхта, ҳамоно хомӯш буд...
“Наход ӯ ба ман дил дода бошад?” - аз дил гузаронд духтар ва табассуми латифе кард. Дар як табассум ӯ ба дили мусоҳибаш, ки маҷоли сухан гуфтан надошт, корд зад... Ҳарчанд духтар ҷавон буд, вале аз таҷрибаи рӯзгор баҳрае дошт ва дар чунин маврид қимати хеш боло бардоштани шуда, аз шарму ҳаё нигоҳи хеш аз нигоҳи марди харидор гурезонда, бо як ишваю ноз аз назди ӯ дур шуд...
Фарҳоди Аваз бисёр мехост, ки дарди дили хеш ба рӯи пешхизматдухтар кушояд ва сабаби омаданашро ба тарабхона ба самъи духтаре, ки бо Фотима як себи дукафон аст, гуфта диҳад, вале аз он метарсид, ки ногаҳон духтар алангаи оташеро, ки баъди чандин сол дар қалбаш фурӯзон гаштааст, хомӯш насозад. Ногаҳон ҳис кард, ки шонаҳояш ба дард омаданд ва бехабар аз он ки дар куҷост ҳамёза кашид...
Ҳамёзаи ӯ аслан ҳамёзаи ҳасрат буд, мисли ҳамёзаи ҷавоне, ки аз хоби субҳгоҳӣ сер нашудаву ба умеди шом боз ҳамёза мекашад. Баъди воқеаҳои шаби охири моҳи март ба ӯ муяссар шуд, ки чор дона ангуштарину шаддаро ба муомилот барорад ва маҳз аз ҳисоби чизҳои фурӯхташуда имрӯзҳо даври “ҷавонӣ” меронад.
Агар он сад долларашро ба бачаи Фотима намедод, мумкин боз чанд рӯзи дигар ҳам маишат мекард...
Ҳафтае пеш сари қадам вориди ҳамин тарабхона шуду мухлиси доимӣ гашт. Номи тарабхона ҳам бузург. Бубин, чӣ қадар номи зебо - “Бо ман бимон”. Хайр ана ман мондам, вале куҷост он меҳрубониҳои ту?
Мегӯянд, ки зан чун муш ба чизҳои ҷилодиҳанда таваҷҷуҳи беандоза дорад, шояд аз ҳамон чизҳои рабудаамон баҳри ин духтари зебо...
-Хуш, чӣ мефармоянд?
Аз шунидани ин овози маҳин ҳалли муаммои ба сараш омада нотамом монд.
-Дирӯз ба тарабхона май “Бычий кровь” оварданд агар майлатон бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор