Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҳарчанд вино наменӯшам, вале тайёрам, ки аз дасти чунин духтари зебо ҳатто заҳрро низ ба гулӯ резам.
-Наход гумон кунед, ки ман ба шумо заҳр диҳам? - каме ранҷида гуфт духтар.
-Хафа нашав, ин шӯхӣ, ман ҳамин хел дар омади гап гуфтам, аслан ҳамаи умедам ба шумо.
-Чӣ гуфтан мехоҳед?
-Чаро боре намепурсед, ки бо кадом мақсад ҳар бегоҳ ман ба ин ҷо меоям?
-Ба тарабхона омадан боз ягон мақсади дигар ҳам дорад.
-Албатта.
-Хуш чӣ мақсад.
-Элак баҳона-дидор ғанимат.
-Дидори кӣ?
-Дидори шумо.
-Маҳз ба ин ҷо барои дидани ман меоед?
-Ҳақиқат талх аст, вале ҳамин хел аст.
Духтар дуюмбора ӯро ба ҳолаш гузошта, ба тарафи ошхона рафт...
Вақте ки падару модараш ба ӯ Фотимаро доданӣ шуданд, сухани волидайн бишикаст ва гуфт, ки “дар илми тиб издивоҷи хешовандон манъ аст. Ба замми ин Фотима духтари қишлоқӣ, яъне “қиша” аст ва барои аспирант бо духтари деҳотӣ хонадоршави айб аст. Ояндаро фикр кунед, оча”...
-Мо ҳам фикри ояндаатро намудем, бачам. Ҳоло худат ҷавон ва шояд сиёҳро аз сафед фарқ накунӣ. Мо бахти туро мехоҳем, бачам.
-Не, намешавад, охир ман куҷою Фотима куҷо? Боз хешутаборӣ ҳаст.
-Якум, мо бо оилаи Фотима он қадар хешу табори наздик ҳам нестем, ки илми тибби худат мегуфтагӣ ягон зиён бинад, чунки чанд пушт гузаштаем. Дуюм, хеш кушадат ҳам, мурдаатро дар офтоб намепартояд.
-Оча...
-Мон суханамро гӯям.
-Гап зан, очарҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор