Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Сеюм. Ман модараму аз пасту баландиҳои зиндагӣ бештар огоҳ, ҳеҷ гоҳ баҳри ту бадбахтӣ намехоҳам. Фотима аслан духтарест ба хироҷи мамлакат меарзидагӣ. Хайр чӣ гуноҳ аст ки ӯ аз деҳ аст. Бо ҳамин деҳотӣ буданаш ҳам ӯ туро то лаби дарё бурда ташна меорад. Гапи ман ҳамин, шавад ҳамин Фотима нашавад, боз ягон духтари деҳотиро ба ту медиҳем. Шаҳриён туро гарм намекунанд.
-Чаро нисбати шаҳриён чунин ақида доред?
-Ақида не, он чӣ ки аён аст ба баёнаш ҳоҷат нест. Бубин ҳамон Қудрати бачаи усто Талб, Зоҳири бачаи Мурод аз шаҳр зан гирифта чӣ шуданд.
-Ҳар киро худо ақл додааст. Қудрату Зоҳир, ки тавилаи занҳояшонро ба даст гирифта натавонистанд, айби ман...
-Шояд дар шаҳр ягон номзад дорӣ? - пурсид падар, ки бо як сухан ба баҳси беасоси хонадон нуқта гузошт.
-Як духтарак ҳаст.
-Ӯ чӣ кора?
-Донишҷӯ.
-Гапро бо ӯ пазондаӣ?
-Ҳа.
-Вой ман мурам, ин чӣ бешармӣ, мардак? Агар вай духтари нағз мебуд, худаш бо бача гапро мепазонд? - гуфт модар сарашро дошта.
-Ором шав, занак, замона ҳамин хел. Ин беҳтар, ки бачаву духтар ҳамдигарро дида гапзанон кардаанд, хулқу атволи ҳамдигарро медонанд, чӣ ҷои бадӣ?
-Чияш нағз, канӣ шарму ҳаё? - паст наомада гуфт модар.
-Майлаш, мо розӣ, - гуфт падар.
...Баъди як сол ӯ бо ҳамон маҳбубаи шаҳриаш ки худ Шаҳригул ном дошт, издивоҷ кард. Муддати шаш соли зиндагии якҷоя ҳамсараш фигураашро вайрон кардан нахоста, таваллуд накард ва сипас воқеаҳои зиндагӣ ӯро ба маҳкама кашид ва ҳамсари шаҳрияш дар толори мурофиаи судӣ ба рӯяш туф карда, - “Ман дигар бо ту одамкуш зиндагӣ кардан намехоҳам,” – гуфт.
Тамом вассалом...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор