Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ҳамон вақт ба гапи падару модарам гӯш мекардам, шояд ҳоло падари ду-се фарзанд будам. Чаро мо ҳеҷ аз таҷрибаи рӯзгор баҳра набардоштем, ки набардоштем...
Моҳе пештар ӯ дар бозори “Саховат” Фотимаро дид. Синну солаш ҳам рафта бошад, вале чун бист сол пеш ҳамон хел озодаю дилкаш. Фотимаро диду хост қафо баргардад. Охир марде чун ӯ, ки ба хуни ноҳақ даст задааст, ба кӣ лозим? Вале писарбачае, ки ҳамроҳи он зан буд, наздаш омад ва номашро бо иловаи калима тағо гирифта, худро муаррифӣ кард.
-Асрори Аҳрор.
-Фарҳоди Аваз.
Сипас Фотима ҳам ба назди онҳо омад ва аз зиндагию кору бори Фарҳод пурсон шуда гуфт, ки ҳар он чи ки нисбати ӯ раво дидаанд, аз сарнавишт аст ва онҳо ҳар се якҷоя аз бозор баромаданд. Фотима ва писараш Фарҳодро ба қаҳвахонаи сари роҳ таклиф карданд ва замин накафид, ки ӯ дарояд, чунки дар киссааш пули пучаке ҳам набуд ва акнун нав нияти “шикор” дошт, ки ба чанголи ҳамсоядухтар, ки аслан бо вай муносибати хешу табори дорад, афтид...
Сари дастурхони пурнозу неъмат Фотима хабар дод, ки соҳиби панҷ писару як духтар аст ва шавҳараш низ марди хубест.
“Асрор писари калониам аст,”- гуфт ӯ писарашро ба хешбачааш муаррифӣ карда. Сипас Фотима ҳам рози дилашро кушода гуфт, ки додаронаш Орзую Барзу ҳарду барои содир кардани дуздӣ дар маҳбасанд...
-Ҷиян аслан ба авлоди худамон монанд ё ба авлоди язнамулло? - пурсид Фарҳоди Аваз.
-Дар ҷавонӣ бисёр бачаи шӯху беқарор буд, - гуфт Фотима ва илова кард ки акнун марди баркамол шудааст ва бояд ҳар қадамашро дониста монад.
Барои Фарҳоди Аваз ҳаминаш басанда буд ва ҳафтае пас ӯ боз Асрорро дар бозор дид. Чун он рӯз шикораш бобарор буд, ҷиянро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр хуб меҳмондорӣ кард ва пурсид, ки оё ӯ метавонад дар лаҳзаи барояш душвор ба хидмати ҷиян умед бандад.
-Албатта,-гуфт Асрор.

пешина
аз 429
навбатӣ