Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар вохӯрии сеюм Фарҳод дили хешро ба рӯи ҷиянаш кушод ва розигии ӯро барои ғорат кардани мағозаи ҷавоҳирот гирифт...
-Мебинам, ки дар интихобат хатто накардаам. Бовар намо, Асрорҷон, ин коре, ки мо баҳри иҷрояш ният дорем, қариб ки душворие надорад ва ҳамааш аз рӯи нақшаи пешакӣ кашида ба анҷом мерасад. Фаромуш накун, ҷиян, дар зиндагӣ “як рӯз ҳам бошӣ, хурӯс бош”.
-Мефаҳмам, тағо. Метавонед дар ин бора осуда бошед, - калонгарона гуфт Асрор.
-Ҳамаи умедам ба худат, чун ман ҳисобамро бо баъзе нокасон баробар намоям, хизмататро ба ҷо меорам.
-Чӣ хел ҳисоб, тағо?
-Вақташ ояд ҳамаашро мефаҳмӣ, - гӯён ӯ дар ҳамон ҷо бо ҷиянаш худоҳофизӣ кард ва худ омадани пешхизматро интизор шуд...
-Пешхизмат, марҳамат, ҳисобӣ кунед.
Духтар ҳамоно наздаш ҳозир шуд ва пурсид, ки чӣ хел ҳисобӣ, модоме, ки то ҳанӯз ягон чиз на нӯшида на хӯрдаед.
-Ман бошам...
Пешхизмат боз табассуми зебое баҳраш ҳадя намуда, аз пайи супоришаш рафт ва баъди андаке он мурғбирёну дусад грамм арақи сафеди талабнамудаашро оварда, болои миз гузошт ва барояш иштиҳои том орзу карда рафтанӣ шуд.
-Канӣ вай?
-Чӣ?
-О вай “Бычий кров”-и таърифиат.
-Гуфтед-ку, вино наменӯшам, барои ҳамин наовардам.
-Гуфтам, вале ҳамроҳи шумо садто-садто...
-Агар майлатон бошад, бе ман, чунки ман дар кор ва дар ин бора роҳбарият сахтгир...
-Не, ман бе шумо майл надорам. Ба тарабхонаатон номи нағз гузоштаеду худатон бошед...
-Занҳо ин ҷо бисёр, шояд ягон каси дигарро даъват намоед, то бо шумо суҳбат кунад.
-Бо ман бимон...
-Бубахшед, наметавонам.
-Шояд пас аз кор?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор