Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ваъда намедиҳам.
-Ба ҳар ҳол ман метавонам ба вохӯрӣ умед бандам.
-Намедонам, - гӯён пешхизмат боз ба тарафи ошхона рафт.
Каллаву кандаи Фотима аз дил гузаронд ӯ. Сипас арақи фармудаашро ба гулӯ рехта, даст ба мурғбирён бурд...
-Ба фикрам, ба пешхизмат овардани виноро ман манъ накардам, фақат гуфтам, ки аз дасти чунин хонуми зебо нӯшидани заҳр ҳам бароям гуворост:
-Пешхизмат!
-Чӣ хизмат?- гӯён ҳамон духтараки малламӯй чун аломати савол наздаш пайдо шуд.
-Ҳамон майи таърифиатро биёр ва боз ду-се сихкабоб.
-Хуб шудааст.
Чун май аллакай таъсири хеш дар ниҳодаш гузошта буд, ин дафъа аз қафои пешхизмат чун харидор нигоҳ кард.
Пешхизмат ин дафъа сабадчаи пур аз обу шаробро, ки болояшон бо матои сафеде пӯшонида шуда буд, болои миз гузошта, матоъро бардошта гуфт:
-Бифармоянд аз кадомаш?
Фарҳоди Аваз ба майҳои гуногунтамғаи дохили сабадча нигариста, шишаи арғувониеро ба даст гирифта ба ороиши он диққат дод: “Бычий кровь,” истеҳсоли Молдова.
-Ба фикрам, майи таърифиатон ҳамин.
-Майи бад нест.
-Майлаш кушоед.
Пешхизмат бо як маҳорати хосае даҳони сабу бикушод ва бо ишваю карашма барои мизоҷ қадаҳеро лабрез кард.
-Барои худатон ҳам.
-Гуфтам-ку, ман дар хизмат.
-Шояд бо калонатон гуфтугӯ намоям, ки шуморо ба ҳоли худ гузорад?
-Лозим нест.
-Пас монеа чист?-гӯён худ он шиша аз дасти пешхизмат бигирифт ва қадаҳи дигареро баҳри он духтари зебо лабрез кард...
Ва боз чӣ қадар қадаҳҳо лабрез шуданд ва ӯ номи духтар бо ҳарфҳои зарин болои дилаш сабт кард: Малоҳат...
-Малоҳат, чӣ номи зебое...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор