Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

..39...
Табаддулоти калон қурбонии калонро талаб мекунад.
Ҳарчанд тайи чанд рӯзи охир ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов дафтари аъмоли собиқ ҷарроҳ Фарҳоди Авазро варақ зад ва ба қавле шахсияти ӯро муайян намуд, вале баҳри ба ҳабс гирифтани ӯ. ки баҳри тафтишот ҳамчун шахси гумонбаршуда, на танҳо гумонбаршудаи одӣ, балки гумонбаршуда бо маънии томаш буд, далели аниқ наёфт...
Майори милиса Абдумаҷидов мефаҳмид, ки ҳама гуна шитобкорӣ метавонад боиси шикастхӯрии тамоми амалиёт гардад.
Ақидаи Масрури Мӯсо дар ин бора тамоман акси ҳол буд, вале Воҳид Камол сухани охиринро ба зиммаи Абдумаҷидов гузошт.
Оташак, ки аллакай як маротиба “шаҳди” шитобкориро чашида буд, ба муқобили сухани сардор нахест...
-Модоме ки Фарҳоди Аваз гумонбаршудаи аввалин аст, пас чаро дар дастгир намуданаш накӯшем? - дар охири суҳбат луқма партофт Оташак.
-Мо Фарҳоди Авазро дар куштори Ғанӣ Сабазев музтар карданием, вале дар ин бора нисбати ӯ ягон далеле надорем.
-Пас чӣ бояд кард?
-Дер ё зуд Фарҳоди Аваз чизҳои аз мағозаи ҷавоҳирот ба яғмобурдаашро ба муомилот мебарорад ва маҳз ҳамин чизҳои ба муомилот баровардашуда як пайвастагиеро байни ҷиноятҳои дуздӣ ва одамкушӣ рӯи об хоҳад баровард.
-Ба фикри шумо, рафиқ Абдумаҷидов, кай он чизҳои аз мағозаи ҷавоҳирот рабудашуда ба муомилот мебароянд?-пурсид Воҳид Камол.
-Дар рӯзҳои наздик. Фарҳоди Аваз ба пешхизмати яке аз тарабхонаҳо дил бохтааст ва ҳамарӯза аз соати ҳашти бегоҳ то ёздаҳи шаб меҳмони доимии он тарабхона аст. Сипас ҳамон пешхизматро то пеши хонааш гусел мекунад.
-Пешхизмат ҷавон аст?
-Бале, вале Фарҳоди Аваз дар ҳақиқат ба ӯ дил бохтааст ва аҷаб нест, ки дар рӯзҳои наздик дасти ӯро напурсад.
-Хабар характери воқеӣ дорад?

пешина
аз 429
навбатӣ