Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Албатта ва онро ман дар шакли хатти аз номи худи хабардиҳанда ба самъи шумо ирсол мекунам.
-Ва боварӣ доред, ки духтари ҷавон ишқи марди пирро мепазирад?
-Духтар аллакай аз сарҳади ишқ қадаме ба пеш гузоштааст.
-Ӯ чӣ ёфтааст дар симои ин марди панҷоҳсола?
-Намедонам, вале дилро ба дил роҳест.
-Рафту дар ин муддат объект боз ба ягон номаъқулии дигаре даст занад, ки ҷавобашро медиҳад. Охир илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд,-гуфт Воҳид Камол.
-Кафолати ин корро ҳам касе дода наметавонад, вале агар шумо дастгирӣ кунед, мо метавонем аз қафои Фарҳоди Аваз тайи чанд рӯз назорати берунӣ таъин намоем.
-Бе санксияи прокурор?-луқма партофт Оташак.
-Санксия ин ҷо лозим, ҳамин хел назорати оперативӣ мебарем ва шояд дар ин муддат ягон гиреҳеро аз корнамоиҳои ҷарроҳ ба даст биёрем.
-Ман розӣ.
-Ташаккур. Ҳамчунин ман мехостам, ки мо бояд парвандаи ҷиноии ҷарроҳро аз бойгонӣ бардошта, як бор варақгардон намоем.
-Ин магар ягон чиз медиҳад?
-Намедонам, вале ба ҳар ҳол мо ҷарроҳро бештар шинохта мегирем.
-Фикри Шумо Масрур Мӯсоевич?
-Ба фикрам, Абдумаҷидовро даст гирифтан лозим.
-Бисёр хуб. Набошад аз номи ман барои гирифта шинос шудани ҳамон парвандаи ҷиноӣ ба Суди Олӣ мактуб тайёр намоед.
-Хуб шудааст.
-Шояд дар тарабхонаи “Бо ман бимон” ягон нафаре аз кормандони худамонро ба кор монем?
-Шарт нест. Чунин тағийрот метавонад нобовариро ба вуҷуд биёрад.
- То ҷое банда огоҳӣ дорам, ҷарроҳ дар ягон ҷо кор намекунад, пас ин ҳама айшу ишраташ аз кадом ҳисоб аст?
-Сарчашмаи даромади ӯро ҳам дар рӯзҳои наздик мефаҳмем.
-Чӣ тавр?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор