Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ҷарроҳ ҳамеша дар як мизи кунҷи тарабхона мешинад ва маҳбубааш ба ӯ хизмат мерасонад. Ин ба мо имконият медиҳад ки “тугмача-жучок”-ро ба зери миз монда, аз суҳабати он ду дилдода баҳравар шавем.
-Мо метавонем ба натиҷаи ин кор умед бандем?
-Дунё ба умед гуфтаанд.
-Фикри Шумо Масрур Мӯсоевич?
-Бо Абдумаҷидов ҳамақида ҳастам.
-Ман розӣ, вале корро тарзе анҷом бидиҳед, ки дар ҳолати тасдиқ нашудани фактҳо ва бегуноҳ баромадани Фарҳоди Аваз мо худ сурху сафед нашавем.
-Намешавем, рафиқ подполковник,-ваъда дод Оташак.
-Назари шумо дар ин бора? - ба тарафи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нигариста пурсид Воҳид Камол.
-Ҳар кор шуданаш мумкин, вале мо умед бар он мебандем, ки чунин нахоҳад шуд.
-Рафиқ Абдумаҷидов, чаро шумо ягон вақт ваъдаи конкретӣ намедиҳед?
-Чӣ гуям?
-Шумо бо боварӣ гуфта метавонед, ки амалиёт шикаст намехӯрад ва мо назди он ҷарроҳи муттаҳам рӯзе сурху сафед намешавем?
-Чизе гуфта наметавонам, вале банда ба анҷоми неки кор умед мебандам.
-Масрур Мӯсоевич, дар ҳақиқат фаҳмидани назарияи майори милиса Абдумаҷидов душвор аст, вале ман шахсан ба ӯ бовар мекунам.
-Ман ҳам аллакай ба Абдумаҷидов бовар намудам, рафиқ подполковник ва аминам, ки Абдумаҷидов ягон ҳаракати хешро бе рухсати мо ба анҷом намерасонад: - гуфт Оташак.
-Мо дар ҳамин ҷо баҳри амалӣ шудани корҳояш ба ӯ дуо медиҳем ва акнун ҷарроҳро ба ӯ ва ӯро ба Худои мутаол месупорем. Аз ин пас шумо, рафиқ майор, дар иҷрои амалиёти мазкур, ки то ҳанӯз номи рамзӣ нагирифтааст, мустақилед. Шумо метавонед дар ҳолате ба дастгир намудани ҷарроҳ сар кунед, ки худатон ба гунаҳкории ӯ боварии пурра ҳосил мекунед ва ё ӯро бо далелҳои шайъӣ дастгир намоед. Дар навбати худ мо тайёрем, ки шуморо бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида, баҳри иҷрои амалиёт қувва ва техника ҷудо намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор