Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ташаккур, акнун рухсат диҳед аз пайи иҷрои амалиёт шавам,- аз ҷой бархеста ба таври низоми гузориш дод Абдумаҷидов.
...40...
-Дер омадӣ?
-Маро ёд кардӣ?
-Ёд ҳам гап шуд.
-Хайр ана ман дар наздат, метавонӣ қасди хеш аз зиндагонӣ ситонӣ.
-Фақат ин ҷо не.
-Чаро?
-Охир ин ҷойи кори ман аст ва ҳамкорон бинанд, чӣ мегӯянд?
-Чӣ мегӯянд?
...
-Чаро хомушӣ?
-Чӣ гӯям?
-Ҳар чӣ дар дил дорӣ.
-Гузаштаи ман на он қадар рӯшан аст ва ба гумон аст, ки гузаштаи ман таъби шуморо болида гардонад.
Қайс, ки тайи ин чанд рӯз бо пешхизматдухтар буд, дар бораи Лайлӣ баъзе маълумотҳо ҳам ба даст овард. Фарҳод дар ин муддат аниқ кард ки Малоҳат ҳарчанд нав ба бист қадам ниҳода бошад ҳам, аллакай як никоҳро дидааст. Бо шавҳараш ӯ ҳамагӣ ҳашт моҳ зиндагӣ карда, ҷудо шудааст. Ҳар чӣ ҳам буд ва ё набуд, ин ҷавонзани бистсола, ки дар акс чун себи дукафон Фотимаро ба ёд меовард, дили ин марди панҷоҳсола рабуда буд. Ӯ ба чашмони мешии Малоҳат, ки хеле назаррабо буданд, нигариста гуфт:
-Малоҳатхон, ҳеҷ кас дар ин дунё фаришта нест ва ман тайёрам ту ҷони ширинро ҳамин хеле ҳастӣ қабул намоям. Агар мо гузаштаи ҳамдигарро кофта гардем, ҳеҷ гоҳ ба мувофиқа намеоем.
Аслан ман бо он савороне ҳамақида ҳастам, ки мегӯянд. Ӯ дар ҳамин ҷо таваққуф кард...
-Чӣ мегӯянд?
-Асп дар зери пои худам налангад.
-Аз ин тарафаш метавонед, осуда бошед. Ман аллакай як бор “ шаҳди” зиндагиро, ки аз тарёк бадтар буд, чашидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор