Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба гузашта салавот, гӯед.
-Гуфтам, - ба тарафи ҳамсуҳбаташ чашмакӣ зада гуфт Малоҳат ва ба тарафи мусиқачиён рафт.
Фарҳоди Аваз боз танҳо монд.
Танҳо байни андешаҳои хеш.
Танҳо бо сӯзу дарди хеш...
Понздаҳ сол ӯ аслан дарди танҳоӣ мекашад, на хизмати модар карду на асои падар гашт. Баръакс, дарду доғи ӯ баҳри падару модараш сӯзи ниҳоне гаштанд ва ҳарду чун чӯби тар дарун-дарун сӯхта хокистар шуданд. Хокистари сӯзон, оқибат қалби ҳардуро аз тапиш мононд...
Модараш мегуфт, ки Фарҳод дар сесолагиаш аз хона бадар рафта, болои санги калоне лаби дарё баромадааст ва ба бахташ, ки писари ҳамсоя аспсавор аз тарафи дигари соҳил ӯро дида, ба асп камчин зада, дарёчаи шӯхи кӯҳиро убур карда, ӯро аз болои он санг гирифтааст...
Аз чӣ бошад, ки ӯ худро байни дарёчаи деҳаашон, ки дар ҳамин шабу рӯз аспсаворро ҳам меафтонад, болои санге дид.
Дарёи кӯҳӣ мавҷ мезад ва ӯ чашми хеш аз тамошои об намеканд.
Садои об чун садои мусиқии ақлу хушаш рабуда ва лапишу мавҷзаниҳои об чун ҳаракати мавзун ва нозу карашмаи Малоҳат мувозинатро дар чашмонаш гум карда... Марди панҷоҳсола болои он санги соҳил мувозинати хеш гум карда, гоҳ ба чапу гоҳ ба рост алвонҷ мехӯрд...
-Ана ман омадам,-гӯён Малоҳат аз омадани хеш хабар дод ва ӯ чашм аз тиреза барканда, аз байни андешаҳои хеш берун омад.
-Марҳамат, гузашта шин.
-Наметавонам.
-Чаро?
-Охир ман дар хизмат. Хайр бигӯ, баҳрат чӣ омода созам?
-Ҳар чӣ дилат хоҳад.
-Ба ҷуз шароб.
-Магар бе шароб мешавад?
-Албатта.
-Шарте дорам.
-Бигӯ.
-Ту имшаб бо ман меравӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор