Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...
-Чаро хомӯшӣ?
-Чӣ гӯям?
-Бо ман меравӣ ё на?
-Ба куҷо?
-Ба кулбаи ман.
-Магар рафтани ман шарт аст?
-Албатта.
-Имшаб наметавонам, шояд ягон вақти дигар.
-Чаро наметавонистаӣ. Дил хоҳад...
-Дил хоҳад аз чашми кӯр об меравад, ҳамин хел?
-Ҳамин хел.
-То ҳанӯз захмҳои дили ман шифо наёфтаанд ва метарсам, ки дуюмбора дар нимароҳ намонам.
-Намемонӣ.
-Мардҳо ҳамаашон ҳамин хел.
-Чӣ хел?
-Аз осмон овардани ситораро ваъда медиҳанду чун корашон буд шуд, дигар туро намешиносанд.
-Аз таҷрибаи худат гап мезанӣ?
-Не, аз рӯзгори баъзе аз шиносҳоям, вале бояд гӯям, ки захми ишқ дар дили банда низ нақши хеш монда.
-Бовар намо, захми дили ман бештар аст.
-Магар ҳамсарат бевафоӣ кард?
-Ӯ манро дар рӯзи сахт тарк кард.
-Сабабаш?
-Аслан бо душманони ман ҳамақида шуд.
-Ва дигар ӯро суроғ накардӣ?
-Не.
-Майлаш, - ман ҳозир гӯён Малоҳат ба тарафи ошхона рафт ва лаҳзае пас аз рӯи салоҳдиди хеш барои дилдодааш таом ва шарбати меваю оби минералӣ оварда, болои миз гузошт ва барояш иштиҳои том орзу намуда, худ аз пайи кораш рафт...
Нав ба андешаҳои хеш дода шуда буд, ки ҷавонзане назди мизаш ҳозир шуда, ӯро ба рақс таклиф кард.

пешина
аз 429
навбатӣ