Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Нигоҳи ҷазоби ҷавонзан дар вуҷудаш тӯғёне барафрӯхт, вале чашмаш ба пешхизмат, ки аз дур ӯро назорат дошт, бархӯрда таклифи ҷавонзанро рад кард.
Маҳз ҳамин ҳолат об ба лаби ҷӯй баробар кард ва чун ҷавонзан “бо дили зору синаи афгор” аз назди ӯ дур шуд, Малоҳатхон худро наздаш ҳозир сохта гуфт, ки агар Маҷнун дар сухани хеш устувор бошад, Лайлӣ ҳам бо ӯ дар набард меравад...
Малоҳатхон он шаб бо қудуми хеш кулбаи вайронаи Фарҳоди Авазро мунаввар сохт...
...41...
Аслан сӯхторро дар ҳама ҳолат бо об хомӯш мекунанд ва чун алангаи зиёдтаре бихоҳӣ, ба ҷои об рӯи оташи алангирифта равған бипош.
Раққоса бо як ҳаракати хеш алангаи оташи дили пешхизматдухтар барафрӯхт ва қалби ӯро ба туғён овард. Аслан ҳамаи ин саҳнаи пешакӣ тайёрнамудаи кормандони милиса буд ва иҷрои нақши асосӣ ба зиммаи яке аз кормандони милиса Мавзунаи Мирзо, ки дар бахши аналетики ШКД-и ноҳияи Гулистон кор мекард, гузошта шуда.
Аз он чи ки хизмати назорати беруна “ҳарду дилдодаро” дар нисфи шаб то ба хонаи Қайс бурд, ин натиҷаи заҳматҳои Мавзунабону буд, ки бо як хиромиши хеш ба дили Малоҳатхон “тир” зад ва ӯ дигар шуълаи фурӯзонгаштаи ишқи хешро дар ин шаби тор хомӯш накард...
Албатта, ба тарабхонаи “Бо ман бимон”... фиристодани Мавзунаи Мирзо метавонист мушкилоти ҷиддиеро пеш оварад ва ҳатто ба шикасти амалиёти пешбинишуда оварда расонад. Ин дар он сурат рух доданаш мумкин буд, ки рафту ягон кас Мавзунабонуро ҳамчун корманди милиса шиносад. Умуман, агар Малоҳатхон аз таҷрибаи рӯзгор баҳрае медошт, аз ҳамкорони хеш нисбати он зани “шаттоҳ,” ки майли сайди ӯ намуда буд, пурсон шавад, вале ӯ пурсон шуд ё не, гуфтан душвор. Чун ӯ ҳамроҳи Маҷнун бирафт, ин натиҷаи мусбӣ ҳал шудани кор буд ва Абдумаҷидов боварии комил дошт, ки Малоҳатхон звенои мобайнӣ дар обу лой намудани ашёҳои аз мағозаи ҷавоҳирот бурда мегардад. “Дӯстӣ дӯстӣ, вале хизмат хизмат ҳаст,” - мегӯянд русҳо ва ба ҷуз ишқ ҷарроҳ аз нуқтаи назари кормандони милиса ба ҳамин тарафи масъала низ бояд аҳамият медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор