Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз шарора аланга бармехезад.
-Модоме ки чунин аст, пас шино намудан ба сӯйи вулқоне, ки гармии алангаашро дарк намудем, маъние надорад.

  • Худованд ба рағми марг муҳаббатро чун нишоне аз зиндагӣ офарида ва гумон намекунам, ки Ҷамила муҳаббати Юсуфро дар замираш ҷо дода, ӯро барои иҷрои амали нопоке ҳидоят намуда бошад.
    -Баҳс намекунам, вале он пайроҳаеро, ки метавонад моро то болои қулла барад, надида истодаам.
    7
    -Киштинишастагонем, эй доди шурта бархез.
    -Чӣ нияти ба соҳили дигар шино намудан доред?
    -Роҳи дигареро намебинам.
    8
    -Худованд бузург аст, бубин ҳатто Робинзон Крузоро дар он ҷазираи дур аз раҳмати хеш маҳрум накард.
    -Худованд ба Робинзон ҳангоми фалокати киштӣ умри дубора ато фармуд, боқӣ ҳамаро ӯ бо меҳнати ҳалоли худ ва талош ба зиндагӣ ба даст овард. Охир дар давоми 28 солу 2 моҳу 19 рӯз дар он ҷазираи бефарёд танҳо меҳнати ҳалол вайро аз ҳама балою офатҳо эмин дошт.-Шояд ин ҳама як афсонаест?
    -Имрӯз бошад чу як афсонаи зебо варо бар ёд овардем.
    -Вале мо чун оғои Робинзон он қадар вақти зиёде дар ихтиёр надорем. Ба замми ин, ҳатто як моҳ дароз намудани санҷиши парванда чӣ мушкилотро ба бор меорад.
    -Бюрократизм ин маҳсули эҷоди мо нест ва он аз форматсияҳои пешини ҷамъият ба мо мерос мондааст.
    -Ва боз на ҳамаи онҳое ки ваколати дароз намудани парвандаҳои ҷиноиро доранд, амалу суханашон як аст.
    -Ин ҳама боиси таассуф аст вале чӣ илоҷ, ки бюрократизм ва коррупсия чун заҳрпечаканд.
    -Боз мегӯянд, ки заҳрпечакҳо реша надоранд.
    -Ин ҳама баҳри тасаллои дили бемор аст...
    -Баҳри тасаллои дили бемор?

6 Таҳти ҳамин шиор соли 1903 аввалин рӯзномаи болшевикии “Искра” аз чоп баромад.
7 Сухан аз Ҳофизи Шерозӣ.
Асари ҳамноми Даниэль Дефо.

пешина
аз 429
навбатӣ