Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бале.
-Пас заҳрпечакҳо ҳам реша доранд?
-Албатта.
-Коррупсия чи?
-Коррупсия ва бюрократияро низ решаашон дар об аст.
-То реша дар об аст умеди самар ҳаст.
-Дуруст фаҳмидед, охир онҳое ки бо роҳи пора додан, тамаҷуъӣ ва ришвагирӣ курсии мансабро соҳиб мешаванд, бе пуштибон нестанд.
-Пас бо ин роҳ мо ба куҷо равонем?
-Чун таърих худ гувоҳи ҳамешагии ғалабаи хайр аз болои шар аст, пас ба зиндагӣ бо чашми хирад бояд нигарист.
-Бо чашми хирад?
-Бале.
-Аслан бо шумо суҳбат намудан гуворост, рафиқ капитан.
-Агар чунин аст, пас мегуфтед, ки он рӯз аз суҳбати Матлубаи Гурез чӣ шаҳде бардоштед?
-Матлубаи Гурез занбӯри асал набуд, ки шаҳд оварда бошад, аз суҳбати ӯ нафратам омад, вале чӣ илоҷ ки чунин вазифаро пеша намудам ва маҷбурам, ки бо нокасон ҳам сари суҳбат қарор бигирам. Агар майл доред, пас ана ин сабти овозашро бо худ баред, дар танҳоӣ гӯш кунед ва хулоса бароред...
-Не, майле надорам.
-Ихтиёратон.
-Бо иҷозаи шумо, - гӯён ман аз ҷой бархостам.
-Чун шумо майли шунидани овози Матлубаи Гурезро надоред, ҳаминро аз хотир набароред, ки вай тарафдори муҳаббати озод аст.
-Дигар чӣ ҳам мегуфт ӯ? Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки чун рӯбоҳро об бурд, думашро бардошт...
-Дар амони Худо бошед, фаромӯш накунед, ки дарҳои прокуратура барои шумо ҳамеша кушода.
-Хайр, то субҳи дигар!- гӯён ман аз дар баромадам.
Чун аз бино берун шудам, офтобро паси пораи абре дидам. Бо ҳама гуна шаҳомат ва суръати баланд нурҳои онро ҳамин як пораи абр пинҳон мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё