Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Сари субҳ, вақте ки ӯ гузориши хешро, ки аз хабари аппарати ёрирасон сарчашма гирифта буд, назди муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ капитани милиса Масрури Мӯсо бурд, муовин худ ба қароре наомад ва “ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд”-гӯён ӯро дар навбати хеш ҳамроҳи худ назди Воҳид Камол бурд, чунки Масрури Мӯсо дар ҳама ҳолат фикри обро дар хушкӣ мекунад ва маҳз агар амалиёт бобарор анҷом ёбад, ӯ сари синаи хеш зада мегӯяд, ки тарҳрези амалиёт худи ӯ буд ва агар шикасте дар амалиёт рух диҳад, паси шонаҳои Воҳид Камол паноҳ меҷӯяд, ва зарба ҳам дар нисбати ӯ на он қадар сахт мешавад...
Аз он чӣ ки Воҳид Камол барои тезонидани амалиёт, яъне болои оташ равған пошидан рухсат дод, ин худ фоли неке аз суҳбати яксоатинаи ин се тан буд. Мавзунаи Мирзоро бошад, баҳри амалиёт худи Абдумаҷидов тайёр намуд, чунки барои дар амалиёт иштирок намудани Мавзунабону ӯ розигии Воҳид Камолро гирифта буд.
Дар ин поси шаб баъди иҷрои нақши хеш Мавзунаи Мирзо ҳамроҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки сари чанбараки мошини ВАЗ 2109 дар самти муқобили кӯча омадани ӯро интизор буд, нишаста, ба таври муфассал аз “кори” хеш ҳисобот дод...
-Хуш, Мавзуна Мирзоевна, то куҷо барам?
-Беҳтараш ба идора.
-Шояд ба хона?
-Не, ба идора.
Абдумаҷидов баъди дусад метр ба тарафи чап тоб хӯрда, аз пеши тарабхонаи “Бо ман бимон” гузашта, ба тарафи ШКД ҳаракат кард.
Шамоли серуни баҳорӣ аз тирезаи паҳлу ба сару рӯи Мавзуна зада, кокулонашро алвонҷ додан хост, вале лейтенанти милиса Мирзоева даст ба дастаки паҳлуи дар бурда, онро тоб дод ва худро бо ин роҳ аз ҳуҷуми шамол озод кард...
Ӯ аз он хурсанд буд, ки новобаста аз камтаҷрибагӣ нақши ба зимма гирифтаашро то ҳаде иҷро кард. Агар рафту ҳамин нақши офаридаи ӯ дар ошкор намудани шахсияти ҷинояткор ёрӣ диҳад, ӯ худро хушбахт меҳисобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор