Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мошин бо суръати зиёд кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро паси сар карда, Мавзунаро бо ҳама хаёлоти ширинаш ба пеш мебурд. Чун ӯ худро аз ҳуҷуми шамол раҳо сохта буд, ҳатто тез рафтани мошинро ҳам дарк намекард. Аз чӣ бошад, ки аз нигоҳи Мавзунаи Мирзо, пешхизматдухтари тарабхонаи “Бо ман бимон” имшаб “дорои” шаб буд...
Абдумаҷидов тамоми роҳ ҳушу ёдаш ба роҳ банд буд ва ҳатто кӯшиш ба харҷ надод, ки Мавзунабонуро аз байни андешаҳояш берун орад...
...42...
Малоҳат пеши оинаи барқад он шаддаи зеборо, ки сари субҳ пеш аз хайрбод Фарҳод баҳраш туҳфа намуда буд, ба гардан баст.
47 Мегӯянд, ки “тиллоро дар оташ ва занро дар тилло бисанҷ”...
Шаддаи тилло, ки сангҳояш осмониранг буданд, ба ҳусни зебои духтар ҳусни наве зам кард. Модоме ки Фарҳод чунин туҳфаи қиматбаҳоро аз ӯ дареғ надошт, пас маълум мешавад, ки азмаш қатъист...
Малоҳат, ки аз ишқи аввалааш шуълае надид, дар замираш шуълаи нав фурӯзонгаштаи ишқро эҳсос кард. Вуҷудашро, ки акнун саршори муҳаббат буд, як ҳиссиёти бузурге фаро гирифта...
-Малоҳат!
-Ҳа, ман чӣ буд, оча? - гӯён духтар аз ҷояш як қад парид ва хост шаддаи дар гарданаш бударо аз модар пинҳон намояд, вале модар аллакай он шаддаи зеборо дар гардани духтараш дида, саволомез ба тарафи ӯ нигарист. Ҳарчанд ӯ чизе нагуфт, вале ҳамон нигоҳи хомӯшу сарди модар вуҷудашро шикофт...
-Инро дирӯз харидам.
-Бо кадом нарх?
-Ҳамин хел як ҳамкорамон оварда гуфт, ки агар маъқул шавад, пас пулашро супорам.
-Нархашро напурсидӣ?
-Пурсидам гуфт ки барои дигарон саду бист, вале барои ман сад доллар.
-Барои ҳамин имшаб ба хона наомадӣ?

Золото пробуй огнём а женщину золотом… мақоли руссӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ