Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Не, гуфтам-ку, имшаб ба тарабхона меҳмонҳои хориҷӣ ташриф оварда буданд ва аз ҳамин рӯ мо дар кор мондем.
-Магар меҳмон дар соати дуи шаб ҳам...
-Дилатро дур набар, оча. Охир дар Ғарб аслан тарабхонаҳо шабонарӯзӣ дар хизмати мизоҷонанд ва аз ҳамин рӯ онҳо нисбати мо шарқиён хеле пеш рафтагӣ...
-Эй бар падари Ғарбаш ҳам лаънату аз ту барин ғарбпарасташ ҳам!
-Оча!
-Чӣ оча? Дард оча, бало оча! О то кай шуда, аз рӯи ту беҳаё мо назди ҳақу ҳамсояҳо сурху сафед шавем?
-Боз ҳам ҳамон коҳи кӯҳнаро бод мекунед, оча?
-Коҳи кӯҳна мегуӣ, ҳа! Ту беҳаё, ба нохуни пои бачаи мардак намеарзидӣ ва агар ақлатро ба сарат мегирифтӣ, ҳоло аллакай модар будӣ, мефаҳмӣ?
-Хайр нашуд, нашуд, бало ба пасаш...
-Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош! - гӯён модар бо ғазаб аз хона бадар рафт...
Малоҳат дохили он хонаи сағир, ки ҳамон оинаи барқад ягона ҷиҳозаш буд, лолу карахт монд...
Аслан ӯ орзуи зиндагии шоҳона ҳам надошт. Чун дар оилаи калон ба воя расида буд, ба ҳама пасту баландиҳои зиндагӣ шукрона мекард, вале чун ба балоғат расиду аз зисту зиндагии дугонаҳояш бохабар гашт, нуқтаи назараш ба зиндагӣ тағйир ёфт...
Баъди хатми мактаби миёна ҳамроҳи дугонааш Нозгул боре ба дискотека рафт ва бо як ҷаҳон шодию сурур аз он ҷо ба хона омад. Ҳамин хел ӯ гоҳ-гоҳ бо баҳонаи “ба хонаи дугонаам меравам,”-гӯён ҳамроҳи Нозгул ба дискотека мерафт ва дар зери садои мусиқии Ғарб, ки мазмунашро ҳам намефаҳмид, то посе аз шаб гузаштан қомати зебои хеш меларзонд...
Овозаи рақси зебои ӯ ба гӯши волидайнаш расиду пеши роҳашро гирифтанӣ шуда, ӯро ба як хешбачаи дурашон ба шавҳар доданд ва байни ҳашт моҳ ӯ қариб ки дар зиндон буд. Гоҳе шабҳо дар хобаш худро дар дискотека бо он ҷавонони мусиқии Ғарбро парастишкунанда дастобагардан медид ва чун чашм кушода дар паҳлуяш ҳамсари ҷавон, вале тақводорро медид, дилаш аз оламу оламиён мемонд. Шавҳараш ҳатто чи будани дискотекаро намедонист ва ӯ магар метавонист, ки тамоми умр хонашин бошад...

пешина
аз 429
навбатӣ