Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят аз шавҳар ҳам пинҳонӣ баъзан ба дискотека мерафтагӣ шуд, вале дуздию ғарӣ дар паси саргини хар гуфтагӣ барин овозаи рақсҳои мавзунаш то ба гӯши шавҳар расид ва шавҳар боре дар дискотека, ҳангоме ки ӯ бо дигар кас дастобагардан рақс дошт, дида, дар ҳамон ҷо хатти талоқашро дод...
Муддати чанде ӯ хонанишин шуд, вале...
Он чӣ ки бо шир дар бадан рафт, он гаҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт. Малоҳатро баъди “озодӣ” боз ҳавою ҳаваси рақсҳои мавзун ва айшу нӯши шабонгоҳ ба сар омад ва ба дугонааш Нозгул, ки акнун бозаргони калон шуда буду то ба Чину Дубай ва Деҳливу Ҳонконг “сафарҳои хизматӣ” намуда, занг зад.
-Баъди як ҳафта занг зан, - гуфт дар охири суҳбати телефони Нозгул.
Дар соату рӯзи таъиншуда ӯ боз занг зад ва Нозгул ӯро наздаш хонда, ба дасташ коғазчае дод, коғазчаи тақдирсоз. Коғазе ки аз амру фармонҳои бенатиҷаи баъзе роҳбарон боло меистод...
Ӯ ҳамон коғазча дар даст ба тарабхонаи “Бо ман бимон” рафт.
Сарвари тарабхона, ки марди тахминан чил-чилупанҷоҳсолаи шофбурут буд, коғази ӯро дида, ҳатто лом нагуфт ва баъди гузаштани комиссияи тиббӣ, ки шарти ягона қабул дар кор будааст, ӯро ба сифати пешхизмат дар тарабхона қабул кард.
Мегӯянд, ки себи сурхро ҳама санг мезананд ва аз рӯзи ба кор омаданаш ӯ чандин маротиба ҳадафи тири баъзеҳо қарор гирифт.
Азбаски ҳанӯз дар оташи зиндагӣ пухта нашуда буд, баъзан чӣ хел ба доми мардони булҳавас афтиданашро ҳам намефаҳмид...
Чун падараш дар қайди ҳаёт набуд, ба суханони модар чандон эътибор ҳам намедод. Ҳар чӣ буд ё набуд, шабҳо дер ҳам бошад, ба хона меомад... Маҳз ҳамин бозгашташ ба хона модарро каме ҳам бошад, ором мекард. Умуман, бисёриҳо ба ӯ бо чашми харидор менигаристанд, вале касе аз он харидорон нияти бунёди оиларо бо ӯ надошт. Шояд ҳафтаи охир бахташ хандиду ӯ бо Фарҳод шиносоӣ пайдо кард. Аз он чӣ ки ӯ дишаб ба хона наомад, осмон ба замин омада нарасид, вале лаҳзае пеш модараш қариб қиёматро ба по хезонд...

пешина
аз 429
навбатӣ