Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Охир худи ҳамин шадда қимати як духтарро дорад ва боре Нозгул рост гуфт, ки чаро мо бахти хешро пеши по занем, охир ҳамон коре ки ба зиммаи мо занҳост, як умр бе нарх ба анҷом мерасонем ва чаро рӯзе ки дар бозори зиндагӣ қимате пайдо кардем, ба бахти хеш зомин шавем?
Малоҳат бори дигар ба он шаддаи зебо, ки чашми касро чун харидор мебурд ва ба ҳусни ӯ боз ҳусни наве зам карда буд, нигариста аз хона бадар рафт...
...43...
Мушовири адлияи дараҷаи сеюм Салимов дар нимаи дуюми рӯзи чоршанбе ҳамаи аъзои гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро, ки субҳи
31 март ба ҷои ҳодиса рафта буданд, ба дафтари кориаш даъват намуд. Вақте ки Абдумаҷидов ҳамроҳи капитани милиса Сафолов ба прокуратура омаданд, лейтенанти калони милиса Мирзоев ва ташхисгари тиббӣ-судӣ Зардов аллакай сари як пиёла чой ҳамроҳи Салимов суҳбат доштанд.
Ҳодисаи ба сари сохтмончии хизматнишондода Ғанӣ Сабзаев омада тайи ду ҳафтаи охир Салимовро ҳеҷ ором намегузошт ва чун ба парвандаи мазкур парвандаи дигареро низ ҳамроҳ кардан лозим меомад ва аллакай ҳуҷҷатҳои дар рафти тафтишот гирдовардашуда ду ҷилди мукаммалро ташкил медоданд, Салимов фикри ҳар як аъзои гурӯҳи тафтишотиро шунидан мехост. Аслан иштирокчиёни ин вохӯрии ғайриодӣ қариб ки дигаргуние дар рафти тафтишот дохил накарданд ва муфаттиш баъди ним соати суҳбати якҷоя бо онҳо, ба ҷуз Абдумаҷидов бо дигарон худоҳофизӣ намуда, онҳоро то баромадгоҳи бино гусел намуда баргашт. Абдумаҷидов ҳанӯз пиёлаи чойи дар дасташ бударо, ки аллакай хунук шуда буд, нанӯшида, чашм аз тиреза, ки ба тарафи ҳавлии прокуратура кушода мешуд, намеканд...
-Мегӯянд, ки аллакай шахсияти ҷинояткорро муайян кардаед?- баробари аз дар даромадан пурсид Салимов.
-Мегӯянд, ин ҳанӯз анҷоми кор нест.
-Чиро дар назар доред?
-Суханбозиҳои сари кӯчаро.
-То шамол набошад...
-Шохи дарахт бе шамол ҳам меҷунбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор