Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба ҳар ҳол шефи мо дар он ақида аст, ки дар рӯзҳои наздик мо ба масъалаи марги Сабзаев нуқта мегузорем.
-Намедонам.
-Ё ягон ҳолатро аз ман пинҳон карданиед?
-Асос?
-Асосашро гуфта наметавонам, вале прокурор бар он ақида аст, ки шахсияти ҷинояткор пурра муайян карда шудааст.
-Инаш рост, вале аз муайян кардани шахсияте, ки дар муқобилаш ҳатто ягон далел нест, чӣ фоида?
-Магар каманд роҳу равиши корҳои тафтишотӣ баҳри исботи гуноҳи шахсиятҳои аз доираи қонун берун по гузошта?
-Албатта, не?
-Пас чаро мо яку якбора ба ҳуҷум нагузарем?
-На ҳама ҳуҷум бо ғалаба меанҷомад.
-Ба фикри шумо дар камингоҳ истодан ин ҳалли кор аст?
-Ба фикри банда аз ҳуҷуми кӯркӯрона, ки оқибаташ аён нест, дар хатти мудофиа будан беҳтар.
-Магар ин ҳолат ягон чиз медиҳад?
-Таърих худ гувоҳи он аст ки дар бисёр ҳолатҳо мудофиа боиси ғалабаи бузург гаштааст.
-Фақат ғалаба дар ҳолате ба даст меояд, ки мудофиа ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад ва оё шумо дар ин самт чораҳои зарурӣ дидаед?
-То кунун дар бораи ба таври расмӣ бурдани назорат мо кӯшише ба харҷ надодаем, вале шахси гумонбаршуда аз доираи назорати оперативӣ берун нест.
-Оё назорати оперативӣ ягон чиз медиҳад?
-Милиса ба ҳамин чиз боварӣ дорад.
-Ман ҳайрон бар онам, ки чаро милиса дар дастгир кардани ҷинояткор, ки чун оташи болои хокистар намоён аст ва гармии хокистар эҳсос мешавад, таъхир мекунад.
-Сараввал ҳамин ки то кунун ӯ на ҷинояткор, балки шахси дар содир кардани ҷиноят гумонбар ҳисоб мешавад. Дуюм, тафтишот ӯро барои ду ҷинояти вазнин музтар карданист, вале то кунун ба муқобилаш ягон далел надорад, чунки ӯ дар ҷойи ҳодиса аз худ нақше боқӣ нагузоштааст, ҳатто нақши ангуштонашро ҳам намондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор