Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сеюм, ин ки гумонбаршуда ҳаргиз оташ нест, агар ӯ оташ мешуд, нур медод ва ба ҷамъият нафъаш мерасид.
-Пас ӯ кист?
-Шахсе ки мо дар содир кардани ҷиноят гумонбараш медонем, хокистар аст, хокистари сӯзон, хокистаре, ки касе ба он аҳамият намедиҳад, вале агар дар дохилаш заррае оташ бошад, боз бодаке он зарраи дар зераш бударо рӯшан мекунад ва аҷаб нест ҳамин рӯшноии хурд боиси таваҷҷуҳ нагардад. Мо ҳамон бодеро интизорем, ки он тӯдаи хокистар ба ҷунбиш орад ва агар дар дохили он заррае оташ бошад, дар ҷояш онро хомӯш созем, ки дигар ҳаргиз шуъла нагирад ва ба касе зиён наорад.
-Гумон мекунед, ки шахси гумонбаршуда худаш чизҳои аз мағозаи ҷавоҳирот рабудаашро ба муомилот мебарорад: -Магар дар ҳамин ҷо шумо каме аз мантиқ дур нарафтаед?
-Хокистар ин анҷоми оташ аст ва шахсе ки мо гумонбараш медонем, худ дар кураи оташ пухта расидааст ва имрӯз, ки ӯ ба хокистар мубадал гаштааст, ба вазидани боде ниёз дорад ва он боди серун аллакай аз паҳлуяш гузашта. Маҳз ҳамин бод шуълаеро дар ниҳоди хокистар зинда медорад ва бо насими хеш алангаи оташро аз ниҳоди хокистар берун месозад...
-Пас метавон бовар кард, ки бод ҳам аз доираи назорати милиса берун намондааст.
-Бовар намоед.
-Каме ҳам бошад, осуда шудам. Акнун моро лозим аст, ки вазидани бод ва аланга гирифтани хокистарро интизор шавем.
-Бале, хокистари сӯзонро, чунки хокистаре ки дар ниҳодаш заррае аз оташ нест, агар боди серун ҳам рӯяшро палмосад, вай шуъла намедиҳад ва аланга намегирад.
-Чӣ илоҷ, акнун маҷбурем, ки ба ҳамон хокистари сӯзони шумо умед бандем.
-Ташаккур, ки манро фаҳмидед.
-Бо шумо баҳс кардан душвор, рафиқ майор.
-Шумо роҳбари гурӯҳи тафтишотиед ва метавонед фикру ақидаи моро ба инобат ҳам нагиред.
-Баръакс, ман аз суҳбати имрӯзаи шумо як ҷаҳон ҳаловат бардоштам ва оне ки ба мантиқи сухан аҳамият намедиҳад, худ хокистар аст, хокистари одӣ, ки ҳеҷ боде дар он шуъларо бедор намекунад ва аланга ҳам намедиҳад.

пешина
аз 429
навбатӣ