Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Рост гуфтанд бузургони мо “суҳбати марди худо мардат кунад, суҳбати ҳар нохалаф сардат кунад”.
-Мо ба хоки пойи он бузургон намеарзем ва илтимос маро бардор-бардор накунед,-гӯён Абдумаҷидов аз ҷой бархест...
...44...
Аз ҳама пеш ба шакли зоҳирии Малоҳат Зарнигор таваҷҷуҳ зоҳир кард.
-Чӣ хел шаддаи зебо? - гуфт ӯ.
-Насиб бошад, ту ҳам рӯзе соҳиби чунин шадда хоҳӣ шуд.
-Магар бо ин маоши мо чунин шадда харида мешавад?
-Албатта, бо маош харидан душвор, вале дунё ба умед гуфтаанд, - калонгарона гуфт Малоҳат.
-Исто, ки ин шаддаро харидӣ ё ягон кас?...
-Ҳа, ягон кас.
-Ваҳ, ман мурам, вай албатта бойбача будагист?
-Кӣ?
-Вай охир, шояд язнамулло будагист?
-Он кас бозаргони калон.
-Чун апаи Нозгул?
-Не, самти фаъолияти он кас дигар.
-Агар махфӣ набошад...
-Намедонам, аслан ин мардҳоро фаҳмида намешавад.
-Ба фикрам, Малоҳатхон дили он бозаргон бо худ бурдаӣ?
-Аз куҷо гирифтӣ?
-Аз нархи ҳамин шаддаи гарданат.
-Рости гап, намедонам, аслан ман гирифтани шаддаро ҳам рад кардам, вале ӯ ба ҷону ҳолам намонд.
-Ана дидӣ?
-Чиро?
-Он чӣ ки ӯ нисбати худат бетафовут нест, модоме ки бетафовут нест, пас азмаш қатъист.
-Кӣ медонад?
-Ман медонам, Малоҳатхон. Агар мард дил надода бошад, ҳаргиз ба чунин қурбонӣ даст намезанад. Инро ман мегӯям, ман Зарнигор, ки дар кураи ишқ пухта расидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор