Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Пухта расидан ҳам гап шуд. Эй худат дар ишқу ошиқӣ чун апаи Нозгул Эйнштейнӣ?
-Биё мон, мо куҷою Эйнштейн куҷо?
-Эйнштейн дар назарияи нисбият ва шумо дар назарияи муҳаббат...
-Муҳаббат, муҳаббат...
-Ба фикри худат, Эйнштейни ҷун, муҳаббат ин чист?
-Ҳам сазо ва ҳам ҷазо...
-Магар ово кардани ҷазо хуб аст?
-Оре, охир муҳаббат, ягона нишоне аз зиндагонист ба рағми марг...
-Бароят бахт мехоҳам бо ҳама он сазову ҷазояш, - гӯён Малоҳат баҳри тағйири либос рафт ва замоне пас бо либосҳои оҳарӣ вориди толори тарабхона гашт ва мунтазири омадани мизоҷон шуд...
Ӯ акнун то омадани мизоҷон имконияти пурра дошт, ки воқеаҳои шаби гузаштаро бори дигар дар тарозуи ақл баркашад.
Ҳаминаш беҳтар шуд, ки ӯ шаби гузашта аз худ фаришта натарошид. Фарҳод гуфт, ки ӯ замони ҷавонии ҳамсоядухтарашро ба ёдаш овардааст. Пас агар чунин аст, Фарҳод худаш дар шикасти муҳаббат гунаҳкор аст, чунки дар вақташ ҳамсоядухтарро қадр накардааст ва бубин, ки баъди гузашти солиёни зиёде ба нохуни пойи ӯ зор шудааст...
Шояд тақдир ӯро бо ҳамин баҳона баҳри ман нигоҳ дошт.
Дишаб Фарҳод иқрор шуд, ки ҳамсараш ӯро дар рӯзи сахт тарк кардааст. Хуб шуд, ки ман ҳам аз гузаштаи ӯ пурсон нашудам.
Агар хоҳад, рӯзе худаш гап мезанад, нахоҳад доғи дилашро ҳаргиз тоза кардан лозим нест, вале ман аниқ гузаштаи хеш аз ӯ пинҳон хоҳам дошт... Охир гузаштаи ман ҳаргиз боиси таҳсин нахоҳад шуд. Ин субҳ модарам рост гуфт, ки ман ба нохуни пои собиқ домодаш намеарзам. Ҳаминаш беҳтар аст, ки аз ӯ ҷудо шудам ва як умр дар зери ҳиҷоб намондам. Нозгул агар дар вақташ фикр мекарду ёди Чину Гонконг намекард, имрӯз бо се фарзанди ноболиғ "шаҳди" танҳоӣ намекашид. Баҳри рӯзгор шабро шаб рӯзро рӯз нагуфта, хуни ҷигар хӯрд ва оқибат шавҳараш ӯро ба бевафоӣ гунаҳкор карда, аз хона пеш кард. Дигар ӯ бо он се сағира ба кӣ лозим?

пешина
аз 429
навбатӣ